Арабистони Саудӣ дар 24 соат 94 бор ба Яман ҳамла кард
Вазорати мудофиа: "Нақшаи даъвати тирамоҳӣ 55 фоиз иҷро шуд"
Тоҷикистон ва Русия берун аз чорчӯби СААД машқҳои низомӣ доир карданд
Путин: “Ҷаҳон аз шуҷоат ва муқовимати мардуми Эрон дар ҳайрат аст”
Кореяи Шимолӣ ба ИМА ва Сеул ҳушдор дод: посухи мо қотеъона хоҳад буд
Кореяи Шимолӣ рӯзи ҷумъа, дар остонаи баргузории машқҳои муштараки низомии Иёлоти Муттаҳида ва Кореяи Ҷанубӣ, ба анҷоми иқдомҳои қотеъона ҳушдор дод. Пхенян ин размоишҳоро “тамрини ҷанги таҷовузкорона” номидааст.
Вазорати корҳои хориҷии Кореяи Шимолӣ дар изҳороте, ки расонаҳои давлатии ин кишвар нашр карданд, размоишҳои муштараки ИМА ва Кореяи Ҷанубиро “тамрини ҷанги таҷовузкорона” хонда ва гуфтааст, ки ин машқҳо сатҳи нави бесуботиро дар минтақа ба вуҷуд меоранд.
Дар ин изҳорот омадааст: “Принсипи ҳамешагии мо барои таъмини амният ин аст, ки ба таҳдиди сатҳи нав бо боздорандагии сатҳи нав посух диҳем”.
Кореяи Шимолӣ ҳамчунин, гуфтааст, ки мавқеи худро дар баробари душманон барои муқобилият бо ҳар гуна таҳдид ва чолишҳо тавассути истифодаи масъулона ва қотеъонаи ҳуқуқи дифоъ аз худ “равшантар баён хоҳад кард”.
Қарор аст неруҳои мусаллаҳи ИМА ва Кореяи Ҷанубӣ размоиши бузурги тобистонаи худро таҳти унвони “Озодии сипари Улчӣ” аз рӯзи душанбе оғоз кунанд. Ду муттаҳид мегӯянд, ки доираи ин размоишҳо монанди солҳои гузашта хоҳад буд.
Вашингтон ва Сеул иддао доранд, ки ин машқҳо бо ҳадафи тақвияти омодагӣ барои муқобила бо таҳдидҳои Кореяи Шимолӣ баргузор шуда, хусусияти дифоъӣ доранд.
Бо ин ҳол, Кореяи Шимолӣ таъкид кардааст, ки размоишҳои имсола аз нигоҳи хусусияти таҳриккунанда ва хатарнок будан “ҷиддитар аз соли гузашта” хоҳанд буд ва тамоми таҷҳизоти низомӣ ва усулҳои ҷангии ИМА ва Кореяи Ҷанубиро дар бар мегиранд.
Ба бовари коршиносон, ин ҳушдори Кореяи Шимолӣ нишон медиҳад, ки Пхенян метавонад дар рӯзҳои оянда озмоишҳои бештари силоҳ анҷом диҳад.
Ба наздикӣ Ҷопон ва Кореяи Ҷанубӣ аз озмоиши як мушаки баллистикии Кореяи Шимолӣ дар соҳили шарқии ин кишвар хабар дода буданд.
Коршиносони хориҷӣ бар ин назаранд, ки ин иқдомҳо эҳтимолан барои эътироз ба размоишҳои низомии ИМА ва Кореяи Ҷанубӣ ё такмили низоми силоҳ анҷом шудаанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Сарвазири Қатар: “Эрон ҳамсояи Қатар аст ва ҳамеша чунин боқӣ хоҳад монд”
Арабистони Саудӣ дар 24 соат 94 бор ба Яман ҳамла кард
Вохӯрии Ҳабибулло Воҳидзода бо Александр Баженов
Даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» ҷамъбаст гардид