Созмони “Табибони бидуни марз”: Дар ҳамлаи ҳавоии Исроил ду корманди мо дар Ғазза кушта шуданд
Сенатори амрикоӣ хостори қатъи буҷаи ҷанг алайҳи Эрон шуд
Русия аз ҳамла ба зерсохторҳои логистикӣ ва низомии Украина хабар дод
Кореяи Шимолӣ тавлиди силоҳҳои ҳастаиро ба сатҳи бесобиқа расондааст
Кореяи Шимолӣ мушаки баллистикӣ партоб кард
Манобеи Кореяи Ҷанубӣ ва Ҷопон эълом кардаанд, ки Кореяи Шимолӣ чанд рӯз пеш аз оғози машқи муштараки низомии Амрико ва Кореяи Ҷанубӣ, як мушаки баллистикиро ба сӯйи дарё партоб кардааст.
“Ройтерз”, бомдоди чаҳоршанбе, 12-уми август, гузориш дода, ки Ҷопон ва Кореяи Ҷанубӣ партоби ин мушакро аз сӯйи Кореяи Шимолӣ маҳкум кардаанд.
Бар асоси гузориш, Кореяи Ҷанубӣ нигаронии худро дар мавриди идомаи партоби мушакҳои баллистикии Кореяи Шимолӣ иброз ва аз Пхенян хост то иқдомҳои таҳрикдиҳандаеро, ки нақзи қатъномаҳои Шурои Амнияти Созмони Милал аст, мутаваққиф кунад.
Ин дар ҳолест, ки Кореяи Ҷанубӣ ва Иёлоти Муттаҳида қасд доранд аз 17 то 27-уми август размоишҳои муштараки низомии бузургеро бо ҳадафи муқобилият бо қобилиятҳои ҳастаӣ ва таслиҳотии дар ҳоли такомули Кореяи Шимолӣ анҷом диҳанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Раҳбари ҳизби чапгарои Фаронса: Эрон ҳаққи дифоъ аз худро дорад
Илон Маск дар бораи Толибон: “Вазъи занону духтарон дар Афғонистони таҳти ҳокимияти Толибон бисёр нигаронкунанда аст”
Баррасии дурнамои ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ дар Тошканд
Бабри барфӣ пас аз муоина ба макони бехавф баргардонида шуд