4 Октябр 2026,
якшанбе, 23:29, Душанбе
11.08.2026 08:30

Трамп бо вуҷуди ихтилофҳо бар сари Ғазза робитаашро бо Нетаняҳу “бисёр хуб” хонд

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико, ба вуҷуди ихтилофҳо бар сари тарҳи Сулҳи Ғазза, робитаашро бо Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, “бисёр хуб” тавсиф кардааст.

Хабаргузории Фаронса, 10-уми август, гузориш додааст, ки ин мавзуъро Трамп пас аз радди тарҳи сулҳи ӯ дар бораи Ғазза аз сӯйи нахуствазири Исроил, баён кардааст.

Бар асоси гузориш, Бенямин Нетаняҳу, пас аз чанд рӯзи интиқод, ду рӯз пеш эълом кард, ки бо тарҳи Сулҳи Ғазза мухолиф аст.

Тарҳи Сулҳи Ғазза, ки аз сӯйи Трамп ироа шудааст, хостори оғози ақибнишинии неруҳои Исроил ҳамзамон бо халъи силоҳи Ҳамос аст.

Бо ин ҳол, равобити Нетаняҳу ва Трамп, пас аз таваққуфи ҷанги 40-рӯза бо Эрон ва тамоюли Трамп ба музокира низ пуртаниш шуда буд.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо