3 Октябр 2026,
шанбе, 14:59, Душанбе
11.08.2026 06:08

Маскав Украинаро муттаҳам ба ҳамлаи барқасдона бар шаҳрвандони хориҷии муқими Русия кард

Мария Захарова, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Русия, Украинаро муттаҳам кардааст, ки барои эҷоди ихтилоф дар равобити Русия бо кишварҳои ҳамсӯ бо он, ба шаҳрвандони хориҷии муқими ин кишвар ҳамла кардааст.

Хабаргузории “ТАСС”, рӯзи 10-уми август, гузориш додааст, ки Украина амдан ба маҳалли зиндагии шаҳрвандони хориҷӣ дар Русия ҳамла кардааст.

Бар асоси гузориш, Захарова гуфтааст, ки дар натиҷаи ҳамлаи Украина бар шаҳри Нижнекамск, дастикам 13 нафар кушта ва наздик ба 20 каси дигар захмӣ шудаанд.

Ӯ афзудааст, ки дар миёни кушташудагон, 8 шаҳрванди Ӯзбекистон ва як шаҳрванди Тоҷикистон вуҷуд дорад.

Ин дар ҳолест, ки вақтҳои охир гузоришҳо аз ҳамлаҳои Русия ва Украина бар ғайринизомиён афзоиш ёфтааст.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо