4 Октябр 2026,
якшанбе, 23:30, Душанбе
10.08.2026 18:58

Тел-Авив: Намегузорем, ки Туркия ва Қатар бар Ғазза назорат кунанд

Як мақоми аршади режими Исроил рӯзи душанбе эҳтимоли назорати Туркия ва Қатар бар фаъолияти низомиёни ин режим дар Ғаззаро рад кард.

Ин манбаъ, ки номаш оварда нашудааст, дар мусоҳиба бо “Шабакаи 12”- и телевизиони режими Исроил, иддаои Николай Младенов, раиси Шурои амрикоии Сулҳи Ғазза, дар бораи нақши миёнаравии Туркия ва Қатарро рад кард.

Вай дар ин бора гуфт: “Ҳеч имконе вуҷуд надорад, ки мо ба Қатар ва Туркия иҷоза диҳем бар амалиёти мо дар Ғазза назорат кунанд”.

Бар асоси гузоришҳо, мавқеи режими Исроил дар баробари иштироки Туркия ва Қатар аз замони эълони Кумитаи иҷроияи Шурои сулҳ дар моҳи январ бетағйир мондааст.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо