3 Октябр 2026,
шанбе, 14:59, Душанбе
08.08.2026 10:22

Расонаи русӣ: Украина рӯзи гузашта 30 бор ҳамла кард

Манобеи русӣ гузориш додаанд, ки Украина рӯзи гузашта 30 бор ба минтақаи Донетск ҳамла карда ва 11 нафар, аз ҷумла ду кӯдакро захмӣ кардааст.

ТАСС, рӯзи шанбе, 8-уми август, гузориш дода, ки ҳамлаҳои Украина ба шаҳрҳо ва ноҳияҳои минтақаи Донетск сурат гирифтааст.

Бар асоси гузориш, манобеи русӣ муддаӣ шудаанд, ки тамоми захмиёни ҳамлаҳои Украина ғайринизомиён, аз ҷумла занон ва кӯдакон будаанд.

Ин дар ҳолест, ки ҷанги Украинаву Русия аз чаҳор сол ба ин сӯ идома дорад.

Бо ин ҳол, дар чанд рӯзи ахир ҳамлаҳои сангини Русия бар Киев ва минтақаҳои дигари Украина башиддат идома доштааст.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо