Иттиҳоди Аврупо 27 шахс ва ниҳоди марбут ба Русияро таҳрим кард
Иштирок ва суханронии вазири рушди иқтисод ва савдо дар муколамаи шарикони рушд
Президенти Сербистон истеъфо дод
Бо дастури Президент мактаби №6-и шаҳри Хоруғ ба номи Алишери Мирзонабот номгузорӣ мешавад
Долони муштараки нақлиётӣ: Тоҷикистон ва Эрон аз тариқи Афғонистон ба ҳам пайваст мешаванд
Тоҷикистон, Эрон ва Афғонистон барои таъсиси як долони муштараки нақлиётӣ ба тавофуқ расидаанд.
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон рӯзи сешанбе, 4-уми август эълом кардааст, ин тавофуқ дар миёнаҳои моҳи июл, пас аз нишасти намояндагони се кишвар дар шаҳри Машҳади Эрон, ба имзо расидааст.
Бар асоси иттилооти Вазорати нақлиёти Тоҷикистон, долони нави нақлиётӣ имкони интиқоли молҳои тиҷоратӣ миёни Тоҷикистон ва Эронро аз тариқи Афғонистон фароҳам хоҳад кард.
Дар бахши дигари иттилоот омадааст, ки нахустин борҳои озмоишии ин долон моҳи оянда интиқол дода мешавад, то равандҳои марзӣ, гумрукӣ ва нақлиётии он арзёбӣ шаванд.
Барои иҷрои ин тарҳ низ як гурӯҳи кории сеҷониба таъсис шудааст, то бар раванди иҷро назорат карда, монеаҳои эҳтимолиро баррасӣ намояд.
Бар асоси иттилоот, ин долон метавонад дар оянда ба дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Чин низ густариш ёбад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Кремл: Украина посухи ҳамлаҳои ахирашро интизор бошад
Иттиҳоди Аврупо 27 шахс ва ниҳоди марбут ба Русияро таҳрим кард
Иштирок ва суханронии вазири рушди иқтисод ва савдо дар муколамаи шарикони рушд
Президенти Сербистон истеъфо дод