23 Октябр 2026,
ҷумъа, 05:06, Душанбе
04.07.2026 21:13

Танишҳо дар Бадахшони Афғонистон: Даҳҳо ҷангҷӯи мусаллаҳи Толибон вориди ноҳияи Шакӣ шудаанд

Манобеи маҳаллӣ ба расонаҳои Афғонистон гуфтаанд, ки даҳҳо ҷангҷӯи мусаллаҳи гурӯҳи террористии Толибон аз Кӯфоб вориди ноҳияи Шакии Бадахшони Афғонистон шуда ва дар маркази ин ноҳия ҷойгир шудаанд.

Манобеи маҳаллӣ рӯзи шанбе, 4-уми июл дар суҳбат бо рӯзномаи “8-и субҳ” гуфтаанд, ки пас аз ворид шудани неруҳо ба минтақа, дар бархе аз сохторҳои амниятии Толибон дар Шакӣ ва Нусай тағйирот ворид шудааст.

Ба гуфтаи манобеъ, дар ин раванд мудири нави амнияти Толибон дар Кӯфоб муаррифӣ шуда ва шуморе аз масъулони маҳаллии ин гурӯҳ аз вазифаҳои худ барканор шудаанд.

Гуфта мешавад, ки дар бархе минтақаҳо, аз ҷумла Кӯфоб, Шакӣ ва Нусай, мудирони истихбороти Толибон барканор шуда ва афроди нав ба ҷойи онҳо таъин шудаанд.

Манобеъ ҳамчунин, гуфтаанд, ки нафаре ба номи Мӯсо Кока, ки пештар дар зиндони Кундуз будааст, аз ҷониби Толибон бурда шудааст, то афроди вобаста ба ӯро ҷамъоварӣ ва халъи силоҳ кунанд.

Дар идома омадааст, ки дар Шакӣ нафаре ба номи Мулло Абдулғанӣ низ мусаллаҳ карда шуда ва барои муқобилият бо афроди вобаста ба Ҷумъахон Фотеҳ фиристода шудааст, то дар раванди боздошт ва даъвати гурӯҳи онҳо ҳамкорӣ кунад.

Ин иқдомҳо дар ҳоле анҷом мешаванд, ки танишҳо дар Бадахшони Афғонистон афзоиш ёфта ва вазъи амниятӣ дар бархе минтақаҳои ин вилоят нигаронкунанда тавсиф мешавад.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

22.10.2026 14:26

Ҳорун Самарқандӣ: “Ояндаи тоҷикони Афғонистон ба ташаккули стратегияи мустақили сиёсӣ вобаста аст

Ҳорун Самарқандӣ дар рустои Самарқанди вилояти Бағлони Афғонистон таваллуд шудааст. Дар даври ҳукумати устод Раббонӣ ба ҳайси донишҷӯ дар Донишгоҳи Кобул дарс хондааст. Дарсҳояш ба итмом нарасида, муқовимат бар зидди гурӯҳи террористии Толибон оғоз мешавад ва ӯ дар дафтари Аҳмадшоҳи Масъуд муддате кор мекунад. Баъди омадани ҳукумати ҷадид ба раҳбарии Ҳомид Карзай дарсҳояшро дар Донишгоҳи тиббии Кобул идома дода, ин донишгоҳро хатм мекунад. Дар ин давра дар созмонҳои байналмилалии тандурустӣ кор кардааст. Дар соли 2025 ӯ ба ҳайси масъули бахши тандурустӣ ва равонии вилояти Бағлон кор кардааст. Қабл аз фурӯпошии ҳукумати Ашраф Ғанӣ аз Кобул хориҷ шуд ва ҳоло дар Миср кору зиндагӣ мекунад. Ӯ як фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ аст, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз ҳақи тоҷикон, забони форсӣ ва ҳамгироии мардуми форсизабон дифоъ мекунад.
22.10.2026 11:16

Ироқчӣ ба Амрико бори дигар ҳушдор дод

Сайид Аббос Ироқчӣ, вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар паёми нави худ гуфт, Теҳрон омода аст бори дигар ба дипломатия имконият диҳад. Ӯ таъкид кард, ин ба он вобаста мебошад, ки Амрико барои эҷоди эътимод ва расидан ба роҳи ҳалли одилона омодагӣ нишон диҳад.
22.10.2026 10:56

Тавҳини Трамп бар миллати Эрон: “Эрониҳо бадтарин миллати рӯи заминанд”

Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико иддао кард, ки Вашингтон Эронро дар соҳаҳои низомӣ ва иқтисодӣ шикаст додааст. Доналд Трамп Теҳронро барои дастёбӣ ба силоҳи атомӣ муттаҳам намуда, дар мавриди мардуми Эрон суханҳои тавҳиномез гуфт.
22.10.2026 10:44

Созишномаи грантӣ оид ба бунёди зеристгоҳи барқӣ дар Душанбе ба имзо расид

Тибқи иттилои маркази матбуоти Вазорати молия, байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии Ҷопон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ (JICA) Созишномаи грантӣ оид ба лоиҳаи бунёди зеристгоҳ барои низоми магистралии интиқоли неруи барқ дар шаҳри Душанбе ба имзо расонда шуд.
22.10.2026 10:35

Ҷашнвораи VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» оғоз гардид. Тоҷикистонро кадом театрҳо намояндагӣ мекунанд?

Бинобар иттилои маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, 21-уми октябр дар шаҳри Душанбе маросими ифтитоҳи Ҷашнвораи VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» баргузор гардид.
22.10.2026 10:33

Президенти кишвар чанд қонун, аз ҷумла «Дар бораи муҳоҷират»-ро имзо карданд

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба қонунҳое, ки Маҷлиси намояндагон ва Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул ва ҷонибдорӣ намудаанд, имзо гузоштанд.
22.10.2026 08:53

Кишварҳои Осиёи Марказӣ: Зарари офатҳои табиӣ дар ин минтақа дар 35 соли ахир беш аз 1 миллиард доллар аст

Намояндагони панҷ кишвари Осиёи Марказӣ дар нишасте дар шаҳри Тошканд нақши муштараки мубориза бо селу ярч ва барномаи таҳким ва тобовар кардани шаҳрҳо дар баробари офатҳои табиӣ ва тағйирёбии иқлим то соли 2030-ро тасдиқ карданд.
22.10.2026 08:41

Владимир Зеленский: “Русия ба Эрон кумак мекунад”

Владимир Зеленский, президенти Украина дар изҳороти нави худ гуфт, ки Русия дар канори Эрон қарор гирифта, ба ин кишвар кумак мекунад. Ӯ аз фаъолияти низомии огоҳкунии пешакӣ бо кумаки иттилоотии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико истиқбол намуда, таъкид кард, ки Украина мехоҳад ҳар чи зуд ҷанг дар ин кишвар хотима ёбад.
22.10.2026 08:00

Трамп: “Агар ҷанг намекардем Эрон аз бомби атомӣ бар зидди душманонаш истифода мекард”

Доналд Трамп, президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар ҷараёни суханронӣ дар ҳузури интихобкунандагони армикоӣ иддао кард, ки агар бо Эрон ҷангро оғоз намекард, ҳоло ин кишвар бо доштани силоҳи атомӣ, метавонист онро бар зидди душманонаш истифода кунад.