Арабистони Саудӣ дар 24 соат 94 бор ба Яман ҳамла кард
Вазорати мудофиа: "Нақшаи даъвати тирамоҳӣ 55 фоиз иҷро шуд"
Тоҷикистон ва Русия берун аз чорчӯби СААД машқҳои низомӣ доир карданд
Путин: “Ҷаҳон аз шуҷоат ва муқовимати мардуми Эрон дар ҳайрат аст”
Ду заминларзаи неруманд бо қувваи 7.2 ва 7.5 дараҷа Венесуэларо ларзонд
Ду заминларзаи пайдарпай бо қувваи 7.2 ва 7.5 рихтер минтақаҳое аз Венесуэларо ларзонда ва сабаби фурӯ рехтани шуморе аз сохтмонҳо дар пойтахти ин кишвар шудааст.
Созмони заминшиносии Иёлоти Муттаҳида бомдоди панҷшанбе, 25-уми июн, эълом кардааст, ки нахустин заминларза бо қувваи 7.2 рихтер дар наздикии шаҳри Морон, воқеъ дар соҳили Кариби Венесуэла ва дар ҳудуди 168 километрии ғарби Каракас, рух додааст.
Бар асоси гузориш, маркази ин заминларза дар умқи 22-километрии замин қарор доштааст.
Ин созмон афзудааст, ки танҳо як дақиқа пас аз он, заминларзаи шадидтар бо қувваи 7.5 рихтер дар 16-километрии ҷанубу ғарби шаҳри Морон ва дар умқи 10-километрии замин ба вуқуъ пайвастааст.
Бар асоси гузоришҳо дар пайи ин заминларзаҳо шуморе аз сохтмонҳо дар Каракас фурӯ рехта ва неруҳои имдодӣ дар ҳоли интиқоли маҷруҳон аз зери харобаҳо ҳастанд.
Мақомоти Венесуэла то кунун омори расмӣ аз талафоти эҳтимолӣ ва мизони хисорот аз ин заминларзаҳоро нашр накардаанд.
Венесуэла дар солҳои охир чандин заминларзаи шадидро таҷриба кардааст, аммо арзёбии комили хисорот аз ин рӯйдод ҳанӯз идома дорад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Сарвазири Қатар: “Эрон ҳамсояи Қатар аст ва ҳамеша чунин боқӣ хоҳад монд”
Арабистони Саудӣ дар 24 соат 94 бор ба Яман ҳамла кард
Вохӯрии Ҳабибулло Воҳидзода бо Александр Баженов
Даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» ҷамъбаст гардид