Арабистони Саудӣ дар 24 соат 94 бор ба Яман ҳамла кард
Вазорати мудофиа: "Нақшаи даъвати тирамоҳӣ 55 фоиз иҷро шуд"
Тоҷикистон ва Русия берун аз чорчӯби СААД машқҳои низомӣ доир карданд
Путин: “Ҷаҳон аз шуҷоат ва муқовимати мардуми Эрон дар ҳайрат аст”
Генерали исроилӣ: “Шоҳиди фурӯпошии сохтори амниятии Исроил ҳастем”
Як генерали бознишастаи исроилӣ гуфт: “Шоҳиди раванди фурӯпошии сохтори амниятии Исроил дар ҳамаи бахшҳо ҳастем”.
Хабаргузории ибризабони “Нюз Ван” дар гузориши таҳлилии худ ба шарҳи муфассал ва амиқи дидгоҳҳои генерали бознишаста Исҳоқ Брик пардохтааст. Ӯ дар ин таҳлил раванди фурӯпошии сохтори амниятӣ ва низомии Исроилро дар тамоми бахшҳо шарҳ дода ва таъкид дорад, ки вазъияти амнияти кунунии Исроил аз замони таъсиси ин кишвар то имрӯз дар бадтарин нуқта қарор дорад ва ин раванд бо вуҷуди баъзе дастовардҳои тактикӣ ҳамчунон идома дорад.
Дар идомаи гузориш омадааст, ки сарлашкари бознишаста Исҳоқ Брик дар ин таҳлил дақиқ ва амиқ фурӯпошии дастгоҳи амниятии Исроилро дар ҳамаи бахшҳо мавриди баррасӣ қарор додааст. Ӯ ҳамчунин, бар ин назар аст, ки иқдомҳои тактикӣ низ дастовардҳои чашмгире маҳсуб намешаванд.
Брик тавзеҳ медиҳад, ки эрониҳо роҳбурди ҷангии худро дар муқоиса бо Ҷанги дувоздаҳрӯза ба таври асосӣ тағйир дода, тасмим гирифтанд, ки майдони набард дигар ҳавопаймоҳои исроилӣ ва амрикоӣ набошад, балки иқтисоди ҷаҳонӣ бошад ва аз ҳамин рӯ, тангаи Ҳурмуз баста шудааст.
Ба гуфтаи ӯ, ин масъала ба таври ошкор эълом шуда буд, аммо Доналд Трамп, Бинёмин Нетанёҳу ва мушовирони онҳо натавонистанд паёмадҳои онро дарк кунанд.
Брик дар идома вазъияти душвори кунунии артиши Исроилро ба тафсил шарҳ дода, ояндаи Исроилро арзёбӣ мекунад ва он чиро, ки бояд анҷом шавад, тавзеҳ медиҳад. Ӯ дар натиҷа ба ин хулоса мерасад, ки бознигарии асосӣ дар артиши Исроил ва низоми дифоии он зарур аст ва ҳамчун қадами аввал бояд тамоми раҳбарияти аршади низомӣ иваз карда шавад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Сарвазири Қатар: “Эрон ҳамсояи Қатар аст ва ҳамеша чунин боқӣ хоҳад монд”
Арабистони Саудӣ дар 24 соат 94 бор ба Яман ҳамла кард
Вохӯрии Ҳабибулло Воҳидзода бо Александр Баженов
Даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» ҷамъбаст гардид