4 Октябр 2026,
якшанбе, 23:30, Душанбе
20.06.2026 10:14

Ироқчӣ ва Уиткофф барои гуфтугӯ дар бораи тавофуқи Эрон ва Амрико ба Швейтсария сафар карданд

Аббос Ироқчӣ, вазири корҳои хориҷаи Эрон ва Стив Уиткофф, фиристодаи вижаи Амрико барои анҷоми гуфтугӯҳои тоза дар бораи тавофуқ миёни Теҳрон ва Вашингтон ба Швейтсария сафар карданд.

Хабаргузории “Аксиос” шаби ҷумъа, 19-уми июн, гузориш додааст, ки ин сафарҳо пас аз барқарор шудани оташбас миёни Исроил ва Ҳизбуллоҳ дар Лубнон анҷом мешаванд: таҳаввуле, ки метавонад заминаро барои пешрафти музокироти миёни Эрон ва Амрико фароҳам созад.

Бар асоси гузориш, ду ҷониб дар ҳафтаи ҷорӣ як тафоҳумномаи 14-моддаиро имзо кардаанд, ки ҳадафи он қатъи даргириҳо ва оғози як давраи 60-рӯза барои ҳалли ихтилофҳо бар сари барномаи ҳастаии Эрон ва дигар масъалаҳои мавриди баҳс мебошад.

Бино ба гузориш, Ҷей Ди Вэнс, муовини раиси ҷумҳури Амрико, ба далели ташдиди танишҳо дар Лубнон сафари барномарезишудаи худро ба Швейтсария лағв кардааст.

Уиткофф барои пайвастан ба Ҷаред Кушнер, домоди Доналд Трамп, ки аз пеш дар Швейтсария ҳузур дорад, роҳии ин кишвар шудааст ва Аббос Ироқчӣ низ қарор аст рӯзи шанбе вориди Швейтсария шавад.

Ин гузориш меафзояд, ки гуфтугӯҳои пешорӯ метавонад оғози музокироти фаннӣ бо ҳадафи дастёбӣ ба як тавофуқи пойдортар ва оташбаси доимӣ дар минтақа бошад.

Ин дар ҳолест, ки бо вуҷуди тавофуқи охири миёни Теҳрон ва Вашингтон, бархе ихтилофҳои асосӣ, аз ҷумла шеваи иҷрои уҳдадории марбут ба Лубнон ва барномаи ҳастаии Эрон, ҳамчунон ҳалнашуда боқӣ мондаанд.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо