4 Октябр 2026,
якшанбе, 23:28, Душанбе
19.06.2026 07:31

Трамп: “Амрико пас аз имзои тавофуқ интизори оташбаси комил дар тамоми ҷабҳаҳо аст”

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, гуфтааст, ки Амрико интизор дорад пас аз имзои тавофуқнома миёни Эрон ва Амрико “оташбаси комил дар тамоми ҷабҳаҳо” барқарор шавад.

“Ал-Ҷазира” рӯзи панҷшанбе, 18-уми июн, гузориш додааст, ки Трамп гуфтааст ин оташбас, ҳамчунин, дар Лубнон, миёни Ҳизбуллоҳ ва Исроил низ бояд барқарор шавад.

Пеш аз имзои тавофуқи Вашингтон ва Теҳрон, Эрон ҳамвора бар эҷоди сулҳ ва таваққуфи ҳамлаҳои Исроил дар Лубнон таъкид дошт.

Эрон ҳушдор дода буд, ки агар Исроил “ба ҷиноят ва куштори мардуми мазлуми Лубнон идома диҳад”, бояд мунтазири посухи сахт бошад.

Dialog.tj

 

Хатти хабарҳо