Масъалаи будубош ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандони Тоҷикистон дар Молдова баррасӣ гардид
Пешниҳоди Тоҷикистон ба Кореяи Ҷанубӣ: метавонем таъминкунандаи боэътимоди дарозмуддат бошем
Президенти Сербистон истеъфо дод
Бо дастури Президент мактаби №6-и шаҳри Хоруғ ба номи Алишери Мирзонабот номгузорӣ мешавад
17.06.2026 09:45
Қоҳир Расулзода дар Узбекистон бо Шавкат Мирзиёев вохӯрӣ намуд
16-уми июн президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев бо сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода, ки бо сафари корӣ дар шаҳри Тошканд қарор дорад, мулоқот намуд.
Тавре ки АМИТ “Ховар” хабар медиҳад, дар оғози суҳбат сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев паёми самимии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро расонда, иброз дошт, ки кишварҳои моро анъанаҳои неки чандинасраи ҳамсоягии нек ва эҳтироми ҳамдигарӣ муттаҳид мекунад.
Иттилоъ дода мешавад, ки дар мулоқот доираи васеи масъалаҳои ҳамкории дуҷониба баррасӣ шуд.
Гуфта мешавад, ки таваҷҷуҳи хос ба дурнамои рушди муносибатҳо дар самтҳои тиҷорату иқтисод, сармоягузорӣ, саноат, энергетика ва фарҳанг зоҳир гардид.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
03.10.2026 12:07
Сарвазири Қатар: “Эрон ҳамсояи Қатар аст ва ҳамеша чунин боқӣ хоҳад монд”
Муҳаммад ибни Абдурраҳмон Оли Сонӣ, сарвазир ва вазири корҳои хориҷии Қатар гуфт, ки Эрон ҳамсояи Қатар аст ва ҳамеша чунин боқӣ хоҳад монд.
03.10.2026 10:57
Арабистони Саудӣ дар 24 соат 94 бор ба Яман ҳамла кард
Сухангӯи неруҳои мусаллаҳи Яман мегӯяд, ки Арабистони Саудӣ дар 24 соати гузашта 94 бор ба минтақаҳои мухталифи Яман ҳамла кардааст.
03.10.2026 09:30
Вохӯрии Ҳабибулло Воҳидзода бо Александр Баженов
Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Воҳидзода бо Котиби иҷроияи Шурои ҳамоҳангсозии прокурорҳои генералии давлатҳои аъзои ИДМ Александр Баженов мулоқот намуд.
03.10.2026 08:28
Даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» ҷамъбаст гардид
Дар Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе маросими ҷамъбаст ва ҷоизасупории ғолибони даври сеюм Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид.
02.10.2026 18:06
Дар Тоҷикистон беш аз 866 ҳазор тонна ғалла ҷамъоварӣ кардаанд
Бар асоси иттилои АМИТ “Ховар” кишоварзони Тоҷикистон имсол беш аз 866 ҳазор тонна зироатҳои ғалладона ҷамъоварӣ кардаанд. Ҳосили баъзе навъҳои ғалла ба 40 сентнер аз як гектар расидааст.
02.10.2026 17:56
Вазорати мудофиа: "Нақшаи даъвати тирамоҳӣ 55 фоиз иҷро шуд"
Дар рӯзи якум нақшаи даъвати тирамоҳии шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ дар қаламрави ҷумҳурӣ 55 фоиз иҷро гардид.
02.10.2026 17:54
Тоҷикистон ва Русия берун аз чорчӯби СААД машқҳои низомӣ доир карданд
Дар Тоҷикистон машқҳои муштараки низомии Русия ва Тоҷикистон оғоз гардид. Ин машқҳо дар Пойгоҳи Лоҳур баргузор шуда, рӯзи 2-юми октябр ба поён расид.
02.10.2026 17:41
Путин: “Ҷаҳон аз шуҷоат ва муқовимати мардуми Эрон дар ҳайрат аст”
Владимир Путин, президенти Русия аз муқовимати мардуми Эрон дар муқобили ҳамлаҳои ИМА ва Исроил ситоиш намуда, таъкид кард, ки таҳримҳои зидди Эрон лағв шавад.
02.10.2026 14:32
Песков: “Русия ҳамеша барои музокира омода аст”
Дмитрий Песков, сухангӯи Кремл, бо таъкид бар ин ки Маскав хостори сулҳ аст, гуфт, ки Русия ҳамеша барои музокира омода мебошад.
02.10.2026 14:26
Ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Корея рушд мекунанд
Имрӯз, 2-юми октябр вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён бо сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Корея дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Чон Сонг Шик мулоқот намуд.
02.10.2026 11:53
Ба муносибати 30-солагии Шурои вазирони корҳои дохилии давлатҳои ИДМ чорабинӣ доир шуд
Шоми 1-уми октябр дар Театри миллӣ ба муносибати 30-солагии таъсисёбии Шурои вазирони корҳои дохилии давлатҳои иштирокчии ИДМ чорабинии фарҳангӣ баргузор гардид.
02.10.2026 11:46
Кобулов: “Русия омодаи миёнҷигарӣ миёни Афғонистон ва Покистон аст”
Русия эълом кардааст, ки омодаи миёнҷигарӣ миёни Афғонистон ва Покистон барои ҳалли ихтилофҳо миёни ду кишвар аст.