4 Октябр 2026,
якшанбе, 23:28, Душанбе
17.06.2026 08:42

Ямайка дар ҳоли музокира бо Амрико барои пазируфтани муҳоҷирони ихроҷшудаи кишварҳои сеюм аст

Ямайка эълом кардааст, ки дар ҳоли музокира бо Вашингтон дар бораи пазируфтани муҳоҷирони кишварҳои сеюме аст, ки аз Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ихроҷ шудаанд.

“Рейтерз” рӯзи сешанбе, 16-уми июн, гузориш додааст, ки ин мавзуъро Хорас Чанг (Horace Chang), муовини нахуствазири Ямайка, эълом кардааст.

Бар асоси гузориш, муовини нахуствазири Ямайка гуфтааст, ки то ҳол ҳеч тавофуқе дар ин замина ниҳоӣ нашудааст.

Давлати Амрико бо чандин кишвар барои мизбонии муҳоҷирони ихроҷшудаи кишварҳои сеюм, аксаран дар ивази дарёфти маблағи нақдӣ, тавофуқномаҳо имзо кардааст.

Тибқи ин тавофуқ, Ямайка ҳамчун як кишвари транзитӣ барои муҳоҷирони ихроҷшуда аз Иёлоти Муттаҳида амал хоҳад кард.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо