4 Октябр 2026,
якшанбе, 23:27, Душанбе
15.06.2026 09:35

Трамп пас аз тавофуқ бо Эрон Нетаняҳуро “фарди бисёр сахтгир” тавсиф кард

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико, Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроилро “фарди бисёр сахтгир” тавсиф карда ва гуфтааст, ки ӯ бояд ба хотири тавофуқ бо Эрон аз Амрико сипосгузор бошад.

“Ал-Ҷазира” рӯзи душанбе,  15-уми июн, гузориш додааст, ки Трамп пас аз эъломи тавофуқ миёни Вашингтон ва Теҳрон, аз ҳамлаҳои ахири Исроил ба Лубнон интиқод кардааст.

Ӯ гуфтааст, ки ин ҳамлаҳо наздик буд раванди дастёбӣ ба тавофуқро бо мушкил рӯбарӯ кунад ва таъкид кардааст, ки агар Эрон ба силоҳи ҳастаӣ даст меёфт, Исроил бо таҳдиди ҷиддӣ рӯбарӯ мешуд.

Трамп, ҳамчунин, ҳушдор додааст, ки агар тавофуқи ниҳоӣ дар бораи барномаи ҳастаии Эрон ба натиҷа нарасад, ҳамлаҳо алайҳи Эрон аз сар гирифта хоҳанд шуд.

Раиси ҷумҳури Амрико, ҳамчунин, муддаӣ шудааст, ки фишорҳои низомӣ ва ҳамлаҳои пешин алайҳи Эрон дар пешбурди музокирот ва расидан ба тавофуқ нақши муҳим доштаанд.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо