Тавҳини Трамп бар миллати Эрон: “Эрониҳо бадтарин миллати рӯи заминанд”
Кишварҳои Осиёи Марказӣ: Зарари офатҳои табиӣ дар ин минтақа дар 35 соли ахир беш аз 1 миллиард доллар аст
Владимир Зеленский: “Русия ба Эрон кумак мекунад”
Трамп: “Агар ҷанг намекардем Эрон аз бомби атомӣ бар зидди душманонаш истифода мекард”
Солимии занон дар Афғонистон дар сояи маҳдудиятҳои Толибон бо буҳрони ҷиддӣ рӯбарӯ аст
Шабакаи таҳлилгарони Афғонистон гуфта, ки саломатии занон дар Афғонистон дар натиҷаи баста шудани марказҳои солимӣ, камбуди кормандони зан, маҳдудият бар омӯзиши духтарон ва коҳиши кумакҳои хориҷӣ бо буҳрони ҷиддӣ рӯбарӯ шудааст.
Ин шабака рӯзи якшанбе, 17-уми май дар гузориши тозае навишта, ки дастрасии занон, ба вижа дар минтақаҳои дурдаст ба хизматрасонии солимӣ дар солҳои ахир душвортар шуда ва баста шудани клиникаҳо, камбуди духтурон ва ҳамшираҳои шафқат ва фишорҳои иқтисодӣ бар хонаводаҳо боис шудааст.
Ба гуфтаи ин ниҳод, бисёре аз занон ҳатто натавонистаанд харҷи рафтуомад ба наздиктарин маркази саломатиро фароҳам кунанд.
Дар гузориш омадааст, ки идомаи ин вазъият, ояндаи низоми тандурустии занонро бо таҳдиди ҷиддӣ мувоҷеҳ месозад. Зеро бо баста будани мактабҳо ва донишгоҳҳо ба духтарон, раванди омӯзиши насли нави духтурон, ҳамшираҳои шафқат ва кормандони зан мутаваққиф шудааст.
Дар бахши дигари гузориш омадааст, ки маҳдудиятҳои гурӯҳи террористии Толибон бар сафари занон ва талаби ҳамроҳии маҳрам дар бархе минтақаҳо барои муроҷиат ба марказҳои саломатӣ, дастрасии занон ба хазматрасонии солимиро душвортар сохтааст.
Ин гузориш ҳушдор медиҳад, баста мондани дари мактабҳо барои духтарон вазъияти солимии занон дар Афғонистонро ба мушкилоти боз ҳам ҷиддитар мувоҷеҳ мекунад, ки барои бартараф кардани он солҳо ва ҳазинаҳои зиёде лозим мешавад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Ҳорун Самарқандӣ: “Ояндаи тоҷикони Афғонистон ба ташаккули стратегияи мустақили сиёсӣ вобаста аст
“Ҳар чизе дар дасти мо буд, кардем”. Нурулло Алиев ба муҳимтарин муҳорибааш омода аст
Ироқчӣ ба Амрико бори дигар ҳушдор дод
Тоҷикистон мехоҳад бо ширкатҳои чинӣ неругоҳҳои офтобӣ ва бодӣ бунёд кунад