Тавҳини Трамп бар миллати Эрон: “Эрониҳо бадтарин миллати рӯи заминанд”
Кишварҳои Осиёи Марказӣ: Зарари офатҳои табиӣ дар ин минтақа дар 35 соли ахир беш аз 1 миллиард доллар аст
Владимир Зеленский: “Русия ба Эрон кумак мекунад”
Трамп: “Агар ҷанг намекардем Эрон аз бомби атомӣ бар зидди душманонаш истифода мекард”
Ҷабҳаи озодӣ аз оғози фаъолияти воҳидҳои фармондеҳии худ дар Бадахшони Афғонистон хабар дод
Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз оғози истиқрори воҳидҳои фармондеҳии худ дар минтақаҳои мухталифи вилояти Бадахшон хабар додааст.
Ин ҷабҳа рӯзи шанбе, 16-уми май бо нашри наворе аз неруҳояш гуфтааст, ки амалан дар майдони ҷанг дар Бадахшон ҳузур дорад ва дар моҳи гузашта дастикам чор мавриди ҳамла ва даргирӣ дар ноҳияи Ҷурми вилояти Бадахшон, ба вижа дар дараи Хастак, рух додааст. Ба гуфтаи ин ҷабҳа, ҳамлаҳои Толибон бар минтақаҳои таҳти фармондеҳии онон “рафъ ва нобуд” карда шудааст.
Ин ҷабҳа навиштааст, ки дар натиҷаи ин даргириҳо, неруҳои гурӯҳи террористии Толибон талафот ёфта ва маҷбур ба ақибнишинӣ шудаанд.
Дар идомаи ин эъломия омадааст, ки ҳузури неруҳои ин ҷабҳа дар бархе минтақаҳои Бадахшон афзоиш ёфта ва онон ин вазъиятро бахше аз раванди созмондеҳӣ ва густариши фаъолиятҳои низомии худ унвон кардаанд.
Ҷабҳаи озодии Афғонистон ҳамчунин, гуфтааст, ки гурӯҳи террористии Толибон дар бархе минтақаҳо иқдом ба маҳдудияти рафтуомад, тафтиши хона ба хона ва боздошти афрод кардаанд.
Ин ҷабҳа дар бахши дигари эъломияи худ аз мардуми Бадахшон ва аксари вилоятҳо хостааст аз ончи “мубориза бар зидди ситами Толибон” хонда мешавад ҳимоят кунанд ва таъкид кардааст, ки фаъолиятҳои худро идома хоҳад дод.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Ҳорун Самарқандӣ: “Ояндаи тоҷикони Афғонистон ба ташаккули стратегияи мустақили сиёсӣ вобаста аст
“Ҳар чизе дар дасти мо буд, кардем”. Нурулло Алиев ба муҳимтарин муҳорибааш омода аст
Ироқчӣ ба Амрико бори дигар ҳушдор дод
Тоҷикистон мехоҳад бо ширкатҳои чинӣ неругоҳҳои офтобӣ ва бодӣ бунёд кунад