Тавҳини Трамп бар миллати Эрон: “Эрониҳо бадтарин миллати рӯи заминанд”
Кишварҳои Осиёи Марказӣ: Зарари офатҳои табиӣ дар ин минтақа дар 35 соли ахир беш аз 1 миллиард доллар аст
Владимир Зеленский: “Русия ба Эрон кумак мекунад”
Трамп: “Агар ҷанг намекардем Эрон аз бомби атомӣ бар зидди душманонаш истифода мекард”
Шабакаи неруҳои шаҳрвандӣ ва демократии Афғонистон: Толибон Афғонистонро дар “остонаи фурӯпошӣ” қарор додаанд
Шабакаи неруҳои шаҳрвандӣ ва демократии Афғонистон (ACDFN) эълом кардааст, ки Афғонистон ҳамзамон бо панҷумин соли тасаллути дубораи гурӯҳи террористии Толибон, дар вазъияте қарор гирифтааст, ки метавон онро “дар остонаи фурӯпошӣ” тавсиф кард.
Ин шабака рӯзи сешанбе, 12-уми май бо нашри эъломияе гуфтааст, ки бо вуҷуди кумакҳои густардаи башардӯстона ва талошҳои минтақаӣ, Толибон натавонистаанд дар заминаи ислоҳоти сиёсӣ, ҳукуматдорӣ ва ҳуқуқи башар пешрафти қобили таваҷҷуҳе дошта бошанд.
Дар ин эъломия омадааст, ки нишондиҳандаҳои рушди инсонӣ дар Афғонистон рӯ ба суқут аст ва фақр ба шакли нигаронкунандае афзоиш ёфтааст.
Ҳамчунин, таъкид шудааст, ки таҳдиди терроризм ва ифротгароӣ дар Афғонистон рӯ ба густариш аст ва маҳдудиятҳои шадид бар ҳуқуқи занон ва фаъолиятҳои маданӣ ин кишварро ба суқут бурдааст.
Аъзои ин шабака аз Созмони Милал ва ниҳодҳои байналмилалӣ хостаанд, то як рӯйкарди ҳамоҳанги сиёсӣ, ҳимоят аз ҳуқуқи башар ва таваҷҷуҳ ба хатарҳои амниятии минтақаиро дар қиболи Афғонистон дар пеш бигиранд.
Шабакаи неруҳои шаҳрвандӣ ва демократии Афғонистон таъкид кардааст, ки идомаи вазъияти кунунӣ метавонад буҳрони Афғонистонро амиқтар сохта ва паёмадҳои он фаротар аз марзҳои ин кишвар густариш ёбад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Ҳорун Самарқандӣ: “Ояндаи тоҷикони Афғонистон ба ташаккули стратегияи мустақили сиёсӣ вобаста аст
“Ҳар чизе дар дасти мо буд, кардем”. Нурулло Алиев ба муҳимтарин муҳорибааш омода аст
Ироқчӣ ба Амрико бори дигар ҳушдор дод
Тоҷикистон мехоҳад бо ширкатҳои чинӣ неругоҳҳои офтобӣ ва бодӣ бунёд кунад