Тавҳини Трамп бар миллати Эрон: “Эрониҳо бадтарин миллати рӯи заминанд”
Кишварҳои Осиёи Марказӣ: Зарари офатҳои табиӣ дар ин минтақа дар 35 соли ахир беш аз 1 миллиард доллар аст
Владимир Зеленский: “Русия ба Эрон кумак мекунад”
Трамп: “Агар ҷанг намекардем Эрон аз бомби атомӣ бар зидди душманонаш истифода мекард”
Раиси нави Толибон дар Бодғиси Афғонистон барои пешбурди ширкатҳои Мулло Бародар таъйин шудааст
Расонаи “8-и субҳ”-и Афғонистон дар такя ба манобеи маҳаллии худ мегӯяд, ки Мулло Муҳаммад Валиҷон, волии (раиси) нави гурӯҳи террористии Толибон дар вилояти Бодғис, бо ҳадафи пешбурди фаъолияти бархе аз тиҷоратҳо ва ширкатҳои вобаста бо Мулло Бародар таъйин шудааст.
Манобеъ рӯзи душанбе, 11-уми май дар гуфтугӯ бо рӯзномаи “8-и субҳ” гуфтаанд, ки тағйироти ахир дар вилояти Бодғис ба шуморе аз лоиҳаҳои иқтисодӣ дар ин вилоят иртибот дорад.
Ба гуфтаи расона вогузории бархе лоиҳаҳо ба ширкатҳои вобаста бо ҳалқаҳои наздик ба раҳбарии Толибон, яке аз далелҳои ин тағйир унвон мешавад.
Манобеъ мегӯянд, ки лоиҳаи сохтмони 50 километр роҳ дар Бодғис низ ба як ширкати вобастаи Мулло Бародар вогузор шуда ва нафаре, ки акнун ба унвони волии Толибон муаррифӣ шудааст, ба таври ғайримустақим бо ин ширкат иртибот дорад.
Ин дар ҳолест, ки гурӯҳи террористии Толибон пас аз тасаллути дубора бар Афғонистон, дар сохторҳои идории худ бо интиқодҳое монанди набуди шаффофият, густариши табъиз ва манфиатҳои шахсӣ дар тасмимгириҳо рӯбарӯ ҳастанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Ҳорун Самарқандӣ: “Ояндаи тоҷикони Афғонистон ба ташаккули стратегияи мустақили сиёсӣ вобаста аст
“Ҳар чизе дар дасти мо буд, кардем”. Нурулло Алиев ба муҳимтарин муҳорибааш омода аст
Ироқчӣ ба Амрико бори дигар ҳушдор дод
Тоҷикистон мехоҳад бо ширкатҳои чинӣ неругоҳҳои офтобӣ ва бодӣ бунёд кунад