Тавҳини Трамп бар миллати Эрон: “Эрониҳо бадтарин миллати рӯи заминанд”
Кишварҳои Осиёи Марказӣ: Зарари офатҳои табиӣ дар ин минтақа дар 35 соли ахир беш аз 1 миллиард доллар аст
Владимир Зеленский: “Русия ба Эрон кумак мекунад”
Трамп: “Агар ҷанг намекардем Эрон аз бомби атомӣ бар зидди душманонаш истифода мекард”
ЮНИСЕФ: Беш аз 21 миллион нафар дар Афғонистон ба кумакҳои башардӯстона ниёз доранд
Хазинаи ҳимояти кӯдакони Созмони Милал (ЮНИСЕФ) эълом кардааст, ки дар соли 2026 ҳудуди 21,9 миллион нафар, наздик ба 45 дарсади ҷамъияти Афғонистон, ба кумакҳои башардӯстона ниёз доранд.
ЮНИСЕФ рӯзи душанбе, 11-уми май бо нашри гузорише гуфтааст, ки аз ин миён, ҳудуди 11,9 миллион кӯдак дар беморӣ, хатарҳои саломатӣ ва маҳдудияти шадид дар омӯзиш қарор доранд.
Ин созмон афзудааст, ки Афғонистон яке аз шадидтарин буҳронҳои инсонии ҷаҳонро таҷриба мекунад ва ҷанги тӯлонӣ, парокандагии иқтисодӣ, камбуди сармоягузорӣ дар хадамоти асосӣ ва нақзи ҳуқуқи асосии шаҳрвандон, заминасози ин буҳрон ҳастанд.
Гуфтанист, ки дар баробари фишорҳо ва ноамниҳои бавуҷудовардаи гурӯҳи террористии Толибон, бозгаштҳои густардаи муҳоҷирон, хушксолӣ, гуруснагӣ ва рӯйдодҳои табиӣ, мушкилиҳои ҷомеаро чанд баробар кардааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Ҳорун Самарқандӣ: “Ояндаи тоҷикони Афғонистон ба ташаккули стратегияи мустақили сиёсӣ вобаста аст
“Ҳар чизе дар дасти мо буд, кардем”. Нурулло Алиев ба муҳимтарин муҳорибааш омода аст
Ироқчӣ ба Амрико бори дигар ҳушдор дод
Тоҷикистон мехоҳад бо ширкатҳои чинӣ неругоҳҳои офтобӣ ва бодӣ бунёд кунад