Тавҳини Трамп бар миллати Эрон: “Эрониҳо бадтарин миллати рӯи заминанд”
Кишварҳои Осиёи Марказӣ: Зарари офатҳои табиӣ дар ин минтақа дар 35 соли ахир беш аз 1 миллиард доллар аст
Владимир Зеленский: “Русия ба Эрон кумак мекунад”
Трамп: “Агар ҷанг намекардем Эрон аз бомби атомӣ бар зидди душманонаш истифода мекард”
Фавзия Кӯфӣ: “Толибон манзили шахсиамро ғасб ва аъзои хонаводаамро боздошт карданд”
Фавзия Кӯфӣ, узви Маҷлиси намояндагони пешини Афғонистон ва аз фаъолони ҳуқуқи ин кишвар мегӯяд, ки гурӯҳи террористии Толибон дар Афғонистон манзили шахсии ӯро ғасб карда ва аъзои хонаводаашро боздошт кардаанд.
Хонум Кӯфӣ рӯзи 2-уми май дар баёнияе гуфтааст, ки Толибон се моҳ пеш манзили шахсии вайро ғасб кардаанд.
Ба гуфтаи ӯ, аъзои хонавода ва бастагонaш ба маҳалли дигаре кӯч баста буданд, аммо ҳафтаи гузашта Толибон бори дигар ҳамла карда ва шуморе аз онҳоро боздошт кардаанд.
Кӯфӣ афзудааст, ки Толибон бархе бошандагони Бадахшон, ки ҳатто хешутаборӣ бо ӯ надоштаандро низ боздошт кардаанд.
Фавзия Кӯфӣ дар бораи ҳувият ва шумори боздоштшудагон чизе нагуфтааст.
Дар баёния омадааст, ки хонаводаҳои ин афрод аз сарнавишт, вазъи саломатӣ ва шароити онҳо бехабар ҳастанд.
Ҳамчунин, дар матни баёния омадааст, ки ду тан аз боздоштшудагон мушкилоти саломатӣ доштаанд.
Намояндаи пешини вилояти Бадахшон ин иқдоми Толибонро “буздилона” хондааст.
Кӯфӣ хотирнишон кардааст, ки бо вуҷуди ин, ба муборизаи худ алайҳи Толибон идома медиҳад.
Толибон дар ин бора чизе нагуфтаанд.
Фавзия Кӯфӣ, фаъоли сиёсӣ аз вилояти Бадахшони Афғонистон буда, гурӯҳи террористии Толибонро ҷиҳати нақзи ҳуқуқи занон ва ақалиятҳои миллӣ пайваста нақд мекунад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Ҳорун Самарқандӣ: “Ояндаи тоҷикони Афғонистон ба ташаккули стратегияи мустақили сиёсӣ вобаста аст
“Ҳар чизе дар дасти мо буд, кардем”. Нурулло Алиев ба муҳимтарин муҳорибааш омода аст
Ироқчӣ ба Амрико бори дигар ҳушдор дод
Тоҷикистон мехоҳад бо ширкатҳои чинӣ неругоҳҳои офтобӣ ва бодӣ бунёд кунад