4 Октябр 2026,
якшанбе, 23:29, Душанбе
27.04.2026 09:02

Ким Чин Ин: “Ба ҳимоят аз сиёсатҳои Русия идома медиҳем”

Ким Чин Ин, раҳбари Кореяи Шимолӣ мегӯяд, ки кишвараш ба ҳимоят аз сиёсатҳои Русия идома хоҳад дод.

Расонаҳои байналмилалӣ 26-уми апрел гузориш додаанд, ки Ким ин изҳоротро дар дидор бо Андрей Белоусов, вазири дифои Русия матраҳ карда ва ду тараф дар бораи вазъияти сиёсии байналмилалӣ гуфтугӯ кардаанд.

Бар асоси гузориш, як ҳайати русӣ ба раҳбарии вазири дифои ин кишвар дар маросими такмили як бинои ёдбуд барои сарбозони Кореяи Шимолӣ, ки дар минтақаи Курск кушта шудаанд, ширкат кардааст.

Ба гуфтаи Ким, давлати Кореяи Шимолӣ аз сиёсатҳои Русия дар дифоъ аз ҳокимият, тамомияти арзӣ ва манофеи амниятии он ҳимояти комил хоҳад кард.

Дар гузориш омадааст, ки Кореяи Шимолӣ пас аз имзои як паймони дифоӣ, ҳудуди 14 000 неру барои ҳимоят аз Русия сафарбар кардааст.

Ин дар ҳолест, мақомҳои Кореяи Ҷанубӣ, Украина ва кишварҳои ғарбӣ гуфтаанд, ки беш аз 6 000 сарбози Кореяи Шимолӣ дар ин даргириҳо кушта шудаанд.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо