4 Октябр 2026,
якшанбе, 23:29, Душанбе
23.04.2026 12:11

Раиси бахши Неруи дарёии Амрико аз мансаби худ канор рафт

Ҷон Фелан, раиси бахши Неруи дарёии Амрико дар замони ҷанг бо Эрон, аз мансаби худ канор рафтааст.

Шон Парнелл, сухангӯи Вазорати ҷанги Амрико рӯзи панҷшанбе, 23-уми апрел дар паёме дар шабакаҳои иҷтимоӣ гуфтааст, ки канорагирии ӯ “фавран иҷроӣ” хоҳад буд.

Ӯ афзудааст, ки Ҳонг Као, муовини раиси Неруи дарёӣ ба унвони сарпарасти ин симат ифои вазифа хоҳад кард.

Фелан ҷадидтарин мақоми аршади низомӣ аст, ки дар моҳҳои ахир аз давлат хориҷ мешавад.

Канорагирии ӯ ҳамзамон бо ҷанги Амрико ва Исроил алайҳи Эрон ва идомаи муҳосираи тангаи Ҳурмуз тавассути Амрико сурат мегирад.

Далели мушаххасе барои канорагирии Ҷон Фелан ироа нашудааст.

Бар асоси гузориши “Би-би-сӣ”, аз замони вуруди Пит Ҳегсет, вазири ҷанги Амрико ба Пентагон, беш аз дувоздаҳ афсари аршади низомӣ, аз ҷумла раиси амалиёти Неруи дарёӣ ва муовини раиси Ситоди неруи ҳавоӣ, барканор шудаанд.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо