4 Октябр 2026,
якшанбе, 23:27, Душанбе
20.04.2026 15:43

Рейтерз: “Бозгашти ҷараёни нафт дар тангаи Ҳурмуз осон нест”

Хабаргузории “Рейтерз” навишт: “Боз кардани тангаи Ҳурмуз бахши осони моҷаро аст, аммо бозгардонидани ҷараёни нафт осон нест ва мумкин аст солҳо тӯл бикашад, то ба сатҳи қабл аз ҷанг бозгардад”.

Гуфта мешавад, ки ҳудуди 13 миллион бушкa нафт ва 300 миллион метри мукааб газ дар Халиҷи Форс дармондааст ва тавлидкунандагонро маҷбур ба таътили майдонҳои нафтӣ, полоишгоҳҳо ва корхонаҳои LNG кардааст.

Аз рӯйи таҳлили коршиносон себ ба таъсисоти энергетикии Қатар мумкин аст то панҷ сол барои таъмир вақт бигирад.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо