4 Октябр 2026,
якшанбе, 23:28, Душанбе
20.04.2026 15:33

Ким Чин Ин бар озмоиши мушакҳои баллистикӣ назорат кард

Ким Чин Ин, раҳбари Кореяи Шимолӣ, бар озмоиши партоби мушакҳои баллистикии кӯтоҳпарвоз назорат кардааст.

Хабаргузории давлатии “KCNA” рӯзи якшанбе, 19-уми апрел гузориш дод, ки дар ин озмоиш панҷ партоби мушакҳои тактикӣ анҷом шудааст, то қудрат ва амалкарди кулоҳакҳои ҷадид мавриди арзёбӣ қарор гирад.

Бар асоси гузориш, ин мушакҳо ба сӯи як ҳадаф дар ҷазирае ба фосилаи ҳудуди 139 километр партоб шудааст.

Дар ҳамин ҳол, артиши Кореяи Ҷанубӣ эълом кардааст, ки Кореяи Шимолӣ ин мушакҳоро аз наздики шаҳри Синпо дар соҳили шарқӣ ба самти дарё шиллик карда ва бурди парвози онҳо ҳудуди 160 километр будааст.

Ин дар ҳолест, ки ин озмоиш чаҳорумин партоби мушакии Кореяи Шимолӣ дар моҳи ҷорӣ ва ҳафтумин маврид дар соли ҷории мелодӣ унвон шудааст.

Дар ҳамин ҳол, дафтари раёсати ҷумҳури Кореяи Ҷанубӣ аз Пхенян хостааст то ин‌гуна “таҳрикҳои низомӣ”-ро мутаваққиф кунад ва онро нақзи қатъномаҳои Созмони Милали Муттаҳид донистааст.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо