Мунтахаби Тоҷикистон аз тими миллии Фаластин шикаст хурд
Як хонаро ба чанд кас фурӯхтааст. Директори «Муҳандис-2014» бо гумони қаллобӣ дастгир шуд
Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Вазири меҳнат бо намояндаи Бонки Ҷаҳонӣ масъалаи афзоиши бокортаъминкунии гурӯҳҳои осебпазирро баррасӣ кард
Солеҳа Холмаҳмадзода, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндагони Бонки Ҷаҳонӣ бо роҳбарии сардори раёсат оид ба масъалаҳои сиёсати иҷтимоии минтақаи Аврупо ва Осиёи Марказӣ Паоло Белли вохӯрӣ намуд.
Тавре ки маркази матбуоти Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, дар вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои марбут ба афзоиши бокортаъминкунии гурӯҳҳои осебпазир, ҳамгироии муҳоҷирони меҳнатӣ ва рақамикунонии бозори меҳнат тавассути ҷорӣ намудани Системаи иттилоотии бозори меҳнатро, ки барои ноил гардидан ба Ҳадафҳои Рушди Устувор ва Стратегияи рушди миллӣ барои давраи то соли 2040 равона гардидаанд, мавриди баррасӣ қарор додаанд.
Манбаъ меафзояд, ки Холмаҳмадзода Солеҳа амалисозии лоиҳаи “Навсозии ҳифзи иҷтимоӣ ва фарогирии иқтисодӣ”-ро муҳим арзёбӣ карда, оид ба натиҷаҳои назаррас дар татбиқи лоиҳаи мазкур, аз ҷумла таъсиси Маркази коркарди маълумот дар вазорат, таъмини 73 воҳиди сохтори вазорат дар маҳал бо таҷҳизоти зарурӣ, ки ҷиҳати истифодаи босамари барномаҳои рақамии соҳавӣ мусоидат менамояд, дар 19 шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ба истифода дода шудани низоми хурди электронии бақайдгирии баҳрабардорони Барномаи фарогирии иқтисодӣ ва аз 1-уми майи соли ҷорӣ дар тамоми шаҳрҳо ва ноҳияҳои ҷумҳурӣ фаъол гардонидани онро ёдовар шуд.
Гуфта мешавад, ки дар ин росто намояндаи Бонки Ҷаҳонӣ Паоло Белли дар навбати худ ба корҳои анҷомдодашуда дар доираи амали ин лоиҳа баҳои баланд дода, ба самаранок анҷом додани чорабиниҳои пешбинишуда то охири лоиҳа изҳори умедворӣ кард.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Иддаои ҷангталабонаи Трамп: “Шояд Эронро бомбборон кунем”
Швейтсария хостори ҳифзи ғайринизомиёни фаластинӣ дар Каронаи Бохтарӣ шуд
Аксиос: Рубио ба ҳайати эронӣ дастур дод хоки Амрикоро тарк кунад
Ҷабҳаи озодӣ аз даргирӣ бо Толибон дар Бадахшон хабар дод