4 Октябр 2026,
якшанбе, 23:30, Душанбе
02.03.2026 11:19

Пентагон нигарони идомаи даргирӣ бо Эрон аст

Тибқи гуфтаи расонаи амрикоӣ, аъзои давлати Трамп ва мақомоти Пентагон нигарони идомадор шудани даргирӣ бо Эрон ҳастанд.

“Вашингтон Пост” ба нақл аз як мақоми амрикоӣ навишт: “Эрон бо қудрат посух медиҳад ва теъдоди зиёди ҳамлаҳо ва танаввуъи сомонаҳои ҳадаф қароргирифта нигаронкунанда аст”.

Ин расона идома дод: “Нигаронии фазояндае дар Пентагон ва дар миёни аъзои давлати Трамп вуҷуд дорад, ки даргирӣ бо Эрон метавонад аз контрол хориҷ шавад”.

“Вашингтон Пост” хотирнишон кард: “Фармондеҳони низомӣ нигарони идомаи даргирӣ барои ҳафтаҳо ҳастанд, ки ин даргирӣ метавонад захираи дифои ҳавоиро бештар таҳти фишор қарор диҳад”.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо