4 Октябр 2026,
якшанбе, 23:29, Душанбе
20.02.2026 09:11

Билл Гейтс ба далели иртибот бо Эпштейн аз суханронӣ дар нишаст оид ба зеҳни сунъӣ дар Ҳинд канорагирӣ кард

Билл Гейтс, миллиардери амрикоӣ ба далели иртибот бо парвандаи фасоди Ҷеффри Эпштейн, ҷинояткори ҷинсӣ аз ширкат дар “Нишасти таъсири ҳуши маснуъӣ” дар Ҳинд канорагирӣ кард.

Бунёди Гейтс рӯзи панҷшанбе дар баёнияе эълом кард, ки ин ҳаммуассиси ширкати “Майкрософт” (Microsoft) дар ин нишаст суханронӣ нахоҳад кард, “то итминон ҳосил шавад, ки нишасти ҳуши маснуъӣ ҳамчунон бар авлавиятҳои калидии худ мутамарказ хоҳад монд”.

Гуфта мешавад, ки Анкур Вера, масъули бахши Ҳинд ва Африқои Бунёди Гейтс ба ҷойи Билл Гейтс дар ин нишаст суханронӣ кард.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо