Арабистони Саудӣ дар 24 соат 94 бор ба Яман ҳамла кард
Вазорати мудофиа: "Нақшаи даъвати тирамоҳӣ 55 фоиз иҷро шуд"
Тоҷикистон ва Русия берун аз чорчӯби СААД машқҳои низомӣ доир карданд
Путин: “Ҷаҳон аз шуҷоат ва муқовимати мардуми Эрон дар ҳайрат аст”
“Тамоси телефонӣ бо Доналд Трамп дӯстона буд”
Николас Мадуро, Президенти Венесуэло дар тамоси телефонӣ бо Доналд Трамп, Президенти Амрико тасдиқ кард, ки лаҳни гуфтугӯ бо ӯ “мутақобилан эҳтиромомез ва дӯстона” буд.
Тибқи иттилои “Ал-Ҷазира” Николас Мадуро гуфт, ки ин тамос метавонад оғози эҳтимолии муколамаи нав миёни ду кишвар бошад. Ӯ афзуд, ки “мо аз гуфтугӯ ба хотири сулҳ ва ҳамчунин, аз дипломатия ҷонибдорӣ мекунем”.
Тибқи иттилоъ, Николас Мадуро таъкид намуд, ки мардуми Амрико аз ҷанг хаста шуда ва намехоҳанд таҷрибаи кишварҳое, чун Либия, Ироқ, Афғонистон ва Ветнам такрор шавад.
Шабакаи Ал-Маядин низ нақл намуд, ки тамоси телефоние, ки дар 10 рӯзи ахир дар миёни Мадуро ва Трамп сурат гирифтааст, бо лаҳни пурэҳтиром анҷом ёфтааст.
Президенти Венесуэла ҳамчунин, афзуд, ки “мо бояд оромии устувор ва боварии қавӣ ба пирӯзии худ дошта бошем: пирӯзие, ки пирӯзии адолат ва сулҳ мебошад”.
Ин изҳороти Мадуро баъди он садо дод, ки президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико гуфт, “кор бо Венесуэла аз сатҳи фишор гузаштааст ва дар тамоси кӯтоҳ бо Мадуро ӯро аз беъзе масъалаҳо огоҳ кардам”.
Дар изҳороти дигари худ Доналд Трамп гуфт, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба зудӣ амалиёти заминии мубориза бо қочоқи маводи мухаддир дар Венесуэларо оғоз хоҳад кард.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Сарвазири Қатар: “Эрон ҳамсояи Қатар аст ва ҳамеша чунин боқӣ хоҳад монд”
Арабистони Саудӣ дар 24 соат 94 бор ба Яман ҳамла кард
Вохӯрии Ҳабибулло Воҳидзода бо Александр Баженов
Даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» ҷамъбаст гардид