4 Октябр 2026,
якшанбе, 23:27, Душанбе
27.10.2025 11:10

Сафари ғайрирасмии Халилзод ба Кобул ва мулоқоти ӯ бо мақомоти Толибон

Зулмай Халилзод, сафири пешини Амрико дар Кобул дар як сафари ғайрирасмӣ ва беовоза ба Кобул рафта, бо Мулло Абдулғанӣ Бародар, муовини иқтисодии раиси вазирони Иморати Исломӣ дидор анҷом додааст.

Бар асоси тасвирҳое, ки дафтари Мулло Абдулғанӣ Бародар нашр намудааст, Зулмай Халилзод дар ҷараёни мулоқоти расмии Бародар бо Шоҳир Ат-Тақӣ, раиси иҷроияи ширкати саудии “Делта Интернешнл” ҳузур доштааст.

Ин мулоқот рӯзи 24-уми октябри соли ҷорӣ дар шаҳри Кобул баргузор шудааст ва мавзуи аслии он кашфу истихроҷ ва рушди хатҳои интиқоли газ дар Афғонистон будааст. Ширкати “Делта Интерншнл”, ки дар лоиҳаҳои бузурги нафту газ дар кишварҳое чун Озарбойҷон ва Туркманистон ширкат доштааст, барои сармоягузорӣ дар бахши энергетикаи Афғонистон изҳори ҳавамандӣ намудааст.  Ба гуфтаи сарчашмаҳо намояндагони ширкат таъкид кардаанд, ки таҷрибаи худро ба муҳандисони афғон интиқол хоҳанд дод.

Сарчашмаҳои расонаии Афғонистон менависанд, ки сафари ахири Зулмай Халилзод хусусияти расмӣ надошта, ӯ дар канори мулоқот бо масъулони соҳаи иқтисод, дар ҷараёни гуфтугӯҳои баста аз мақомоти Толибон хоста, ки намояндагони тоҷикон ва дигар қавмҳои ғайрипаштунро дар ҳайати ҳукуматашон ширик созанд, то ҳукумати Толибон шакли фарогир гирад.

Ин нахустин сафари ғайрирасмии Зулмай Халилзод ба Кобул дар чанд моҳи ахир нест. Дар ду сафари қаблӣ ӯро Одам Болер, намояндаи пешини Доналд Трамп дар масъалаи асирони амрикоӣ ҳамроҳӣ мекард.

То ба ҳол Толибон ва худи Зулмай Халилзод дар хусуси ҳадаф ва ҷузъиёти ин сафари ахир вокуниши расмӣ нишон надодаанд.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо