Иттиҳоди Аврупо 27 шахс ва ниҳоди марбут ба Русияро таҳрим кард
Иштирок ва суханронии вазири рушди иқтисод ва савдо дар муколамаи шарикони рушд
Президенти Сербистон истеъфо дод
Бо дастури Президент мактаби №6-и шаҳри Хоруғ ба номи Алишери Мирзонабот номгузорӣ мешавад
Намоишгоҳи байналмилалии «Китоби Душанбе» ноширони беш аз даҳ давлатро ба Душанбе меорад
Аз 20-ум то 22-юми октябр дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон намоиши сенздаҳуми байналмилалии «Китоби Душанбе» баргузор мегардад.
Тавре ки АМИТ “Ховар” хабар медиҳад, дар намоишгоҳ намояндагони корхонаҳои табъу нашри беш аз даҳ давлати ҷаҳон ва ноширони Тоҷикистон китобҳои тозанашрро ба намоиш мегузоранд.
Гуфта мешавад, ки Намоишгоҳи байналмилалии «Китоби Душанбе» бо ҳадафи муаррифии китоб ва таҳкиму густариши робитаҳои фарҳангии Тоҷикистон бо давлатҳои ҷаҳон, ташвиқу тарғиби китоб ва китобхонӣ дар ҷомеа роҳандозӣ мегардад.
Ҳамчунин, иттилоъ дода мешавад, ки Намоишгоҳи байналмилалии «Китоби Душанбе» аз соли 2010 инҷониб бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола дар шаҳри Душанбе доир мешавад.
Тибқи иттилои дастрас, дар анҷоми Намоишгоҳи байналмилалии «Китоби Душанбе» ба ноширон барои иштироки фаъолона Диплом ва Ифтихорнома тақдим карда мешавад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Кремл: Украина посухи ҳамлаҳои ахирашро интизор бошад
Иттиҳоди Аврупо 27 шахс ва ниҳоди марбут ба Русияро таҳрим кард
Иштирок ва суханронии вазири рушди иқтисод ва савдо дар муколамаи шарикони рушд
Президенти Сербистон истеъфо дод