Арабистони Саудӣ дар 24 соат 94 бор ба Яман ҳамла кард
Вазорати мудофиа: "Нақшаи даъвати тирамоҳӣ 55 фоиз иҷро шуд"
Тоҷикистон ва Русия берун аз чорчӯби СААД машқҳои низомӣ доир карданд
Путин: “Ҷаҳон аз шуҷоат ва муқовимати мардуми Эрон дар ҳайрат аст”
Эрон бо русҳову чиниҳо ба моҳ меравад
Эрон ва Русия, ки қаблан дар соҳаи сохту партоби моҳвораҳо ҳамкориҳои муштарак доштанд, қарор намуданд, сатҳи ин ҳамкориҳоро дар саноати кайҳонӣ боло баранд ва як пойгоҳи муштарак дар рӯи моҳ созанд.
Дмитрий Баканов, раиси Агентии кайҳонии Русия дирӯз дар маросими таҷлили рӯзи ҷаҳонии кайҳон дар Теҳрон гуфт, қудратҳои пешқадами кайҳонӣ дар ҳоли омодагӣ барои пажӯҳиши густурда дар моҳанд.
“Русия ва Чин бо дарки аҳамият ва душвории ин кор, як тарҳи муштараки байналмилалии илмии сохти пойгоҳи моҳиро оғоз намудаанд ва омодаанд, бо донишмандон ва муҳандисони эронӣ дар ин лоиҳа ҳамкорӣ кунанд”- гуфт Дмитрий Баканов.
Ӯ таъкид намуд, сафари инсон ба фазо ва таъмин кардани зиндагӣ дар муҳити беборкаш ифтизори Русия аст ва ҳоло диққати асосӣ ба сохтани пойгоҳҳои кайҳонӣ равона шудааст.
“Кайҳоннавардӣ як соҳаи илмии хеле мураккаб ва гаронқимат аст. Бинобар ин, бе ҳамкориҳои наздики байналмилалӣ ва талошҳои муштараки кишварҳо иҷрои тарҳҳои бузург бисёр душвор хоҳад буд. Мо ҳоло дар ҳоли сохтани як пойгоҳи мадории нави русӣ ҳастем ва аз ҳамкории мутахассисони соҳаи кайҳонии Эрон истиқбол мекунем”- зикр кард Дмитрий Баканов.
Ӯ афзуд, музокироти расмӣ бо масъулони саноати кайҳонии Эрон оғоз шуда ва Русия омода аст, то шароити баробарро барои ҳамаи ширкаткунандагон, ҳам дар бахши таҷҳизот ва ҳам озмоишҳо, фароҳам кунад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Сарвазири Қатар: “Эрон ҳамсояи Қатар аст ва ҳамеша чунин боқӣ хоҳад монд”
Арабистони Саудӣ дар 24 соат 94 бор ба Яман ҳамла кард
Вохӯрии Ҳабибулло Воҳидзода бо Александр Баженов
Даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» ҷамъбаст гардид