Арабистони Саудӣ дар 24 соат 94 бор ба Яман ҳамла кард
Вазорати мудофиа: "Нақшаи даъвати тирамоҳӣ 55 фоиз иҷро шуд"
Тоҷикистон ва Русия берун аз чорчӯби СААД машқҳои низомӣ доир карданд
Путин: “Ҷаҳон аз шуҷоат ва муқовимати мардуми Эрон дар ҳайрат аст”
Зани рус барои озодии писараш аз чанги Толибон аз Президенти Тотористон кумак хост
Як зан дар Федератсияи Русия ба президенти Тотористон муроҷиат намуда, хостааст, ки писарашро аз зиндони гурӯҳи террористии Толибон озод кунад.
Тибқи иттилои расонаҳои русӣ Святослав Каверин, мардумшиноси рус ва корманди Институти шарқшиносии Академияи илмҳои Русия аз ҷониби гурӯҳи террористии Толибон дар шаҳри Қундузи Афғонистон боздошт шуда, ба Кобул интиқол дода шудааст.
Модари ӯ Татяна Каверина ба Рустам Минниханов, президенти Ҷумҳурии Тотористон нома навишта, аз ӯ барои озод кардани писараш кумак хостааст. Ин нома ба Вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Русия низ ирсол шудааст.
Ин муроҷиати зани рус дар ҳоле матраҳ мешавад, ки Ҷумҳурии Тотористон ба як нишасти иқтисодӣ бо ширкати ҳайати Толибон омодагӣ мебинад. Бар асоси барнома Вазири маъдани ҳукумати Толибон Ҳидоятуллоҳ Бадрӣ дар ин нишаст ширкат намуда, бо мақомоти Тотористон мулоқот хоҳад кард.
Толибон то ба ҳол дар хусуси боздошти шаҳрванди Русия Каверин изҳороти расмӣ нашр накардаанд, вале расонаҳои русӣ мегӯянд, ки ӯ ба қочоқи ҷавоҳирот муттаҳам шудааст. Худи Каверин дар паёми охирини телеграмии худ дар рӯзи 19-уми июл навишта буд, ки барои қочоқи ҷавоҳирот дар шаҳри Қундуз боздошт шудааст.
Сафорати Федератсияи Русия дар Кобул гуфтааст, ки ин масъаларо пайгирӣ мекунад. Боздошти шаҳрванди Русия аз ҷониби Толибон дар ҳоле сурат мегирад, ки чанде қабл ин кишвар гурӯҳи Толибонро ба расмият шинохта, ба сафири ин гурӯҳ ба Маскав иҷозаи фаъолият дод.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Сарвазири Қатар: “Эрон ҳамсояи Қатар аст ва ҳамеша чунин боқӣ хоҳад монд”
Арабистони Саудӣ дар 24 соат 94 бор ба Яман ҳамла кард
Вохӯрии Ҳабибулло Воҳидзода бо Александр Баженов
Даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» ҷамъбаст гардид