Арабистони Саудӣ дар 24 соат 94 бор ба Яман ҳамла кард
Вазорати мудофиа: "Нақшаи даъвати тирамоҳӣ 55 фоиз иҷро шуд"
Тоҷикистон ва Русия берун аз чорчӯби СААД машқҳои низомӣ доир карданд
Путин: “Ҷаҳон аз шуҷоат ва муқовимати мардуми Эрон дар ҳайрат аст”
Путин бо кафолатҳои амниятии монанд ба моддаи 5-и НАТО мувофиқат кард
Стив Уиткофф, намояндаи хоси Иёлоти Муттаҳидаи Амрико гуфт, ки Владимир Путин, президенти Русия дар гуфтугӯ бо Доналд Трамп ба пешниҳоди кафолатҳои амниятии монанд ба моддаи 5-и Паймони НАТО барои Украина мувофиқат кардааст.
Стив Уиткофф рӯзи 17-уми август гуфт, ки ин кафолатҳо метавонанд бахше аз созишномаи ниҳоӣ барои поён додан ба ҷанги сеюнимсола дар Украина бошанд.
“Мо тавонистем имтиёзи муҳиммеро ба даст орем. Иёлоти Муттаҳида метавонад ҳимояеро пешниҳод кунад, ки монанди моддаи 5-и НАТО аст ва яке аз сабабҳои асосӣ майли Украина ба узвият дар НАТО мебошад”- изҳор дошт Стив Уиткофф.
Стив Уиткофф гуфт, ин аввалин бор аст, ки чунин розигӣ аз ҷониби Путин эълон мешавад.
Ин мақоми амрикоӣ ҳамчунин, гуфтааст, ки ду ҷониб дар мавриди кафолатҳои қавии амниятӣ ба созиш расидаанд ва Русия уҳдадории ҳуқуқӣ додааст, ки дигар қасди гирифтани ҳич яке аз қаламрави дигар дар Украинаро нахоҳад дошт.
Ёдовар машавем, ки рӯзи ҷумъа дар минтақаи Аляскаи Амрико мулоқоти Владимир Путин бо Доналд Трамп доир шуд ва меҳвари он кафолатҳои амниятӣ барои Украина ва поёни ҷанги сеюнимсола будааст.
Доналд Трамп дар изҳороти тоза гуфт, ки бо Русия ба созиш наздик шудаанд ва эҳтимолан созиши ниҳоии сулҳ ҳосил хоҳад шуд. Трамп роҳбарони Иттиҳоди Аврупо ва Владимир Зеленскийро барои гуфтугӯи сулҳ ба Кохи Сафед даъват кардааст. Тармп гуфтааст, ки ният дорад дар рӯзҳои наздик мулоқоти рӯ дар рӯи Путин бо Зеленскийро баргузор кунад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Сарвазири Қатар: “Эрон ҳамсояи Қатар аст ва ҳамеша чунин боқӣ хоҳад монд”
Арабистони Саудӣ дар 24 соат 94 бор ба Яман ҳамла кард
Вохӯрии Ҳабибулло Воҳидзода бо Александр Баженов
Даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» ҷамъбаст гардид