Арабистони Саудӣ дар 24 соат 94 бор ба Яман ҳамла кард
Вазорати мудофиа: "Нақшаи даъвати тирамоҳӣ 55 фоиз иҷро шуд"
Тоҷикистон ва Русия берун аз чорчӯби СААД машқҳои низомӣ доир карданд
Путин: “Ҷаҳон аз шуҷоат ва муқовимати мардуми Эрон дар ҳайрат аст”
Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дурнамои ҳамкориҳои бисёрҷонибаро баррасӣ карданд
Дар ҷараёни мулоқоти Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Бахтиёр Саидов масъалаҳои ҳамкории иқтисодӣ ва тиҷоратӣ, ҳамчунин, афзоиши гадиши мол миёни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон баррасӣ шуд.
Ин мулоқот дар шаҳри Тошканди Ӯзбекистон анҷом ёфта, дар ҷараёни он дурнамои муносибатҳои бисёрҷониба баррасӣ гардид. Дар ин бора Сафорати Тоҷикистон дар Ӯзбекистон ба АМИТ "Ховар” хабар додааст.
Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои рушди ҳамкориҳои саноатӣ, тақвияти ҳамкории минтақавӣ, мустаҳкам сохтани робитаҳои дӯстона ва ҳамчунин, рушди минбаъдаи ҳамкориҳои фарҳангӣ ва илмӣ миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ҷонибҳо аз раванди мусбати муносибатҳо дар сатҳи роҳбарони кишварҳо ва татбиқи созишномаҳои миёни ду кишвар изҳор қаноатмандӣ намуданд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Сарвазири Қатар: “Эрон ҳамсояи Қатар аст ва ҳамеша чунин боқӣ хоҳад монд”
Арабистони Саудӣ дар 24 соат 94 бор ба Яман ҳамла кард
Вохӯрии Ҳабибулло Воҳидзода бо Александр Баженов
Даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» ҷамъбаст гардид