1 Октябр 2026,
панҷшанбе, 09:38, Душанбе
08.08.2025 09:21

Трамп: “Алиев ва Пашинян дар Кохи сафед созишномаи сулҳ имзо мекунанд”

Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Доналд Трамп дар изҳороти нави худ гуфт, ки рӯзи ҷумъа, 8-уми август Президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев ва Президенти Арманистон Никол Пашинян дар Кохи Сафед созишномаи сулҳро имзо хоҳанд кард.

“Ман бо хушнудӣ интизори дидор бо Президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев ва Сарвазири Арманистон Никол Пашинян ҳастам, ки фардо онҳоро дар Кохи сафед дар як нишасти таърихии сулҳ мепазирам”- навишт Доналд Трамп.

Тибқи гуфтаи ӯ, ду кишвар солҳо дар ҳолати ҷанг қарор доштанд, ки ба марги ҳазорон нафар сабаб шуд: “Бисёре аз роҳбарон талош карданд, ки ин низоъро хотима диҳанд, аммо муваффақ нашуданд. Ҳоло бо шарофати Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ин импонпазир гадид” – зикр кард Доналд Трамп.

Доналд Трамп гуфт, маъмурияти ӯ муддати тӯлонӣ бо ҳарду ҷониб музокирот анҷом медод. “Фардо Президент Алиев ва Сарвазир Пашинян дар Кохи сафед дар маросими расмии имзои созишномаи сулҳ ба ман ҳамроҳ мешаванд”- гуфт Трамп.

Ба гуфтаи президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Вашингтон ҳамзамон бо ҳарду кишвар созишномаҳои дуҷонибаи рушд ва ҳамкории иқтисодиро имзо мекунад, то иқтидори Қафқози Ҷанубӣ пурра ба истифода дода шавад.

“Ман аз ин роҳбарони далер хеле ифтихор дорам, ки барои мардумони бузурги Арманистон ва Озарбойҷон интихоби дуруст анҷом медиҳанд. Ин рӯзи таърихӣ барои Арманистон, Озарбойҷон, Иёлоти Муттаҳида ва ҳамаи ҷаҳон хоҳад буд” – зикр кард ӯ.

Ёдовар мешавем, ки моҳи март Вазорати корҳои хориҷии Озарбойҷон аз анҷом додани  музокирот дар бораи матни лоиҳаи созишномаи сулҳ ва барқарории муносибатҳои байнидавлатӣ бо Арманистон хабар дода буд. Дар моҳи июл бошад, пас аз тақрибан чил соли низоъ аввалин мулоқоти расмии дуҷонибаи Алиев ва Пашинян доир шуд, ки дар он ҷонибҳо матни лоиҳаи созишномаро мувофиқа карданд.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

01.10.2026 09:33

Иддаои ҷангталабонаи Трамп: “Шояд Эронро бомбборон кунем”

Доналд Трамп, раисҷумҳури ИМА рӯзи чоршанбе, 30-юми сентябр гуфт, ки Вашингтон барои расидан ба тавофуқ бо Эрон метавонад аз роҳи низомӣ истифода кунад. Ӯ ҳамчунин, эҳтимоли ҳамлаи дубора ба Эронро матраҳ карда, гуфт: “Шояд онҳоро бомбборон кунем”.
01.10.2026 09:11

Аксиос: Рубио ба ҳайати эронӣ дастур дод хоки Амрикоро тарк кунад

Сомонаи “Аксиос” ба нақл аз манобеъ дар Вазорати хориҷии Амрико гуфтааст, ки Марко Рубио, вазири хориҷии ин кишвар, рӯзи душанбе ва пас аз ба бунбаст расидани музокирот, аз ҳайати эронӣ хостааст, ки фавран хоки Амрикоро тарк кунанд.
01.10.2026 08:55

Тоҷикистон ва Қазоқистон робитаҳои байнипарлумониро баррасӣ карданд

Файзалӣ Идизода, раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон ва Валихон Турехонов, сафири Ҷумҳурии Қазоқистон дар Тоҷикистон масъалаҳои рушди ҳамкории байнипарлумонии ду кишварро баррасӣ кардаанд.
30.09.2026 15:45

Манзаралӣ Шералӣ: “Филми хуб ҳам худаш тамошобинро пайдо намекунад”

Аз 22-юми октябр дар кинотеатрҳои кишвар филми «Хуршеду Моҳ» ба намоиш гузошта мешавад. «Хуршеду Моҳ филми нави ошиқона буда, дар бораи ишқи нокоми Хуршед ва Моҳ қисса мекунад. Dialog.tj бо коргардон ва муаллифи филмномаи «Хуршеду Моҳ» Манзаралӣ Шералӣ суҳбат кард, ки фишурдаи онро пешкаши хонандагон мекунем.
30.09.2026 15:04

Тоҷикистон ва Қатар дар бораи сармоягузорӣ дар Тоҷикистон гуфтугӯ карданд

Мақомоти Тоҷикистону Қатар масъалаи сармоягузорӣ ва амалӣ намудани лоиҳаҳои муштараки иқтисодии ду кишварро мавриди баррасӣ қарор доданд. Дар мулоқоти мақомоти ду кишвар раванди иҷрои лоиҳаи “Диёри Душанбе” мавриди гуфтугӯ қарор гирифт.
30.09.2026 14:33

Гардиши савдои Қазоқистон бо Тоҷикистон 25 фоиз афзоиш ёфтааст

Гардиши тиҷорати Қазоқистон ва Тоҷикистон дар ҳафт моҳи соли 2026 назар ба ҳамин давраи соли гузашта 25 фоиз зиёд шудааст. Ҳаҷми савдои ду кишвар дар ин давра ба тақрибан 855 миллион доллар расидааст.