Арабистони Саудӣ дар 24 соат 94 бор ба Яман ҳамла кард
Вазорати мудофиа: "Нақшаи даъвати тирамоҳӣ 55 фоиз иҷро шуд"
Тоҷикистон ва Русия берун аз чорчӯби СААД машқҳои низомӣ доир карданд
Путин: “Ҷаҳон аз шуҷоат ва муқовимати мардуми Эрон дар ҳайрат аст”
Суқути ҳавопаймои мусофирбар дар Русия: ҳама мусофирони он ҷон бохтанд
Мақомоти ҳолатҳои фавқулодаи вилояти Амури Русия тасдиқ намуданд, ки ҳавопаймои мусофирбари Антонов -24, ки бо 43 мусофир дар масири Благовеҳенс-Тинда парвоз мекард, суқут намудааст.
Ба гуфтаи мақомоти рус дар натиҷаи ин ҳодиса ҳамаи мусофирон ба ҳалокат расидаанд. Ҳавопаймо дар 15 километрии шаҳри Тинда, дар минтақаи душворгузар ёфт шудааст. Тибқи иттилои аввалия, ҳич яке аз мусофирон зинда намонда, аммо гурӯҳҳои наҷот ҳанӯз ба кофтуков дар минтақаи суқути ҳавопаймо идома медиҳанд.
Ба гуфтаи маркази амният ва дифои шаҳрвандии Амур ҳавопаймои ширкати ҳавопаймоии Ангара, ки дар роҳи парвоз ба шаҳри Тинда қарор дошт, дар вақти наздик шудан ба макони нишаст аз назорати радар хориҷ карда шуд. Ҷасади ҳавопаймо ба воситаи чархбол дар ҷангалҳои минтақа шиносоӣ гардид.
Василий Орлов, губернатори вилояти Амур бо изҳори таассуф аз ин фоҷеа гуфт, ки “ҳамаи гурӯҳҳо ва захираҳои наҷот дар маҳал сафарбар шудаанд”.
Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Русия низ гуфт, ки ин ҳавопаймо дар вақти тамоси охирин дар наздикии макони фуруд қарор дошт, аммо дигар ба иртибот посух надодааст.
Тафтишоти техникӣ дар робита ба сабабҳои суқути ин ҳавопаймо дар ҳамоҳангӣ бо мақомоти авиатсионӣ ва додситонии нақлиётии Русия ҷараён дорад. Ҳанӯз маълум нест, ки мушкили техникӣ, хатои инсонӣ ё шароити номусоиди обу ҳаво сабаби асоси суқут шудааст.
Вазъият дар маҳалли ҳодиса мураккаб арзёбӣ мешавад ва мақомоти расмӣ гуфтаанд, ки иттилои бештарро дар соатҳои наздин интишор хоҳанд кард.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Сарвазири Қатар: “Эрон ҳамсояи Қатар аст ва ҳамеша чунин боқӣ хоҳад монд”
Арабистони Саудӣ дар 24 соат 94 бор ба Яман ҳамла кард
Вохӯрии Ҳабибулло Воҳидзода бо Александр Баженов
Даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» ҷамъбаст гардид