12 Июл 2025,
шанбе, 02:33, Душанбе
02.06.2025 15:12

Аломатҳои “боз доштан” –и таҳримҳои нави Трамп бар зидди Эрон

Оё Эрон тавонист нафасе сабук кашад? Ҳафтаи гузашта дафтари матбуоти Кохи сафед, зери роҳбарии Каролин Левит дастуре содир кард, ки ҳар гуна фаъолияти нав дар заминаи таҳримҳо бар зидди Эронро муваққатан боз медорад. Ба гуфтаи манбаи наздик ба Кохи сафед акнун сиёсати фишори максималии президент ба ҳолати статикӣ даромадааст.

Ин сиёсат ба роҳбарони Шурои амнияти миллӣ ва Вазорати молия ирсол шуд ва сипас, ба Департаменти давлатӣ. Мансабдорони вобаста ба Ховари Миёна низ дар ҷараён қарор дода шуданд, аммо дастур бояд ба таври васеътар паҳн мешуд, зеро таҳримҳои зидди Эрон ба сиёсати хориҷии ИМА нисбат ба Чин, Ҷопон, Аврупо, Ҳинд ва Осиёи Ҷанубу Шарқӣ низ таъсир мерасонад. Яъне кишварҳое, ки зиёда аз 90 дарсад нафти содиротии Эронро мехаранд.

Суоле, ки ба миён меояд, чаро чунин дастур аз сӯи котиби матбуотӣ, на аз Шурои амнияти миллӣ ё Вазорати молия содир шуд? Гуфта мешавад, ки Шурои амнияти миллӣ баъд аз ба рухсатӣ фиристодани зиёде аз 100 корманд аз сӯйи ҳукумати Трамп ба ҳолати парешонӣ афтодааст. Масъулиятҳои сиёсати хориҷӣ ҳамчунон миёни Департаменти давлатӣ ва идораи ноиби президент тақсим нашудаанд. Ба гуфтаи CBS, гурӯҳи равобити умумии Шурои амнияти миллӣ пароканда шуда истодааст. Ба ҳамин хотир, дафтари матбуоти Кохи сафед маҷбур шудааст, ки ваколатро ба даст бигирад.

Дар посух ба шарҳ оид ба боз доштани таҳримҳо Кохи сафед онро рад накард, аммо изҳор дошт: “Ҳар гуна қарорҳои нав вобаста ба таҳримҳо аз сӯйи Кохи сафед ё ниҳодҳои дахлдори ҳукумат эълон шуд”, - гуфт муовини котиби матбуотӣ Анна Келли.

Дастури боз доштан, ки ҳеч муҳлати хотимавӣ надорад, баъд аз он содир шуд, ки як тасмими муқаррарии Вазорати молия дар мавриди таҳрим якбора манъ шуд. Аз он вақт ба ин сӯ, ҳадди аққал ду тарҳи таҳрими дигар, ки дар тақвими Вазорати молия қарор доштанд, ба таъхир афтод. Аз 21-уми май ба ин сӯ ягон таҳрими нави ИМА бар зидди Эрон эълон нашудааст.

Баъзе аз мақомоти ҳукумати Трамп бовар доранд, ки ҳадафи сиёсат фақат таъхир ва баррасии амиқтари таҳримҳо дар заминаи музокироти ҳассоси атомӣ аст ва шояд ин дастур дар раванди интиқол нодуруст тафсир шудааст. Аммо бархеи дигар нигарони онанд, ки шахсони асосии қабули сиёсат аз раванди кор берун мондаанд ва аз ин боз доштани густурда ба шигифт омадаанд.

Мақомоти амрикоӣ намедонанд, ки оё ин боз доштан фақат ба таҳримҳои нав марбут аст ё фаъолияти нав барои иҷрои таҳримҳои ҷорӣ низ манъ мешавад. Чунин менамояд, ки маҳдудиятҳои бузург оид ба фурӯши нафт ва сармояҳои блокшуда дар Қатар ҳамоно боқӣ мемонанд, аммо дастури рӯшан ё барҳам додани ин боз доштан метавонад роҳнамоӣ кунад.

Мақомоти Трамп кӯшиш доранд, ки дар ҷараёни гуфтугӯҳои атомӣ Эронро беасос нороҳат накунанд. Аммо маҳз фишори шадид Эронро ба мизи музокира овард. Таҳримҳои Амрико ҳамагӣ оғоз ёфта буданд ва натиҷаҳои ибтидоӣ дар коҳиши содироти нафти Эрон ба Чин зоҳир шуда буд. Пас чаро акнун боз доштанд, дар ҳоле, ки фишор метавонад барои як созиши арзишманд мусоидат кунад?

Ин ҳамон роҳест, ки Эрон ҳамеша истифода мекунад: бо истифода аз гуфтугӯҳо вақт ва имтиёз мехарад, вале ба шартҳои Амрико таслим намешавад. Ду гузориши нав аз Агентии байналмилалии неруи атомӣ нишон медиҳанд, ки Эрон истеҳсоли урани ғанисозишударо идома додааст. Бо истифода аз ҳар гуна имтиёзи додаи кишварҳои дигар. Ин низ шояд як мисоли дигари он бошад.

“Беҳтарин коре, ки метавон анҷом дод, ин аст, ки аз мавқеи қавӣ амал кунӣ ва фишанг бузургтарин қувваест, ки метавонӣ дар ихтиёр дошта бошӣ”- навишта буд Доналд Трамп дар китоби худ “Санъати созиш”.

Президент Трамп ҳамчунин, дар оғози давраи раёсати худ сиёсати фишори максималиро ҳамчун сиёсати расмии Амрико бар зидди Эрон пиёда кард. Акнун суол ба миён меояд: оё ҳукумати ӯ фишанги худ – яъне ҳамин мавқеи қавии фишоровариро маҳдуд хоҳад кард?

Тарҷума аз сомонаи  https://www.wsj.com/

Хатти хабарҳо

11.07.2025 10:26

Пизишкиён ба Шурои Аврупо ҳушдор дод: “Ҳамла ба Эрон бо посухи “қатъӣ ва пушаймонкунанда” рӯ ба рӯ хоҳад шуд”

Масъуд Пизишкиён, президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон дар ҷараёни тамоси телефонӣ бо Антониу Кошта, раиси Шурои Аврупо дар хусуси вазъияти байналмилалӣ ва робитаҳои миёни Эрону Иттиҳоди Аврупо гуфтугӯ кард. Ӯ таъкид кард, ки такрори ҳар гуна таҷовуз бар зидди Эрон бо посухи “қатъӣ ва пушаймонкунанда” рӯ ба рӯ хоҳад шуд.
11.07.2025 10:10

Кори расмӣ дар Кореяи Ҷанубӣ. Аз корҷӯёни тоҷик чӣ талаб карда мешавад?

Агентии бакортаъмикунӣ дар хориҷаи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки барномаи нави ҷалби шаҳрвандони кишвар барои кор дар Кореяи Ҷанубӣ оғоз шудааст.
11.07.2025 08:59

Муборизаи беамони полис бар зидди фолбину ҷодугарон. 90 нафар ба “панҷаи қонун” супурда шуданд

Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе тадбирҳои фаъолро барои пешгирии фаъолияти фолбин ва ҷодугарҳо идома медиҳад, то ин навъи фаъолияти ғайриқонунӣ пурра решакан гардад.
11.07.2025 08:52

Чин ва Ӯзбекистон мехоҳанд роҳи оҳани бисёрсамтаи Осиёи Марказиро густариш диҳанд

Вазирони нақлиёти Чин ва Ӯзбекистон дар ҷараёни мулоқоти дуҷониба ба ҳамкориҳои зерсохторӣ ва густариши лоиҳаҳои роҳи оҳан ва роҳҳои бисёрсамта дар доираи робитаҳои стратегии миёни ду кишвар таъкид намуданд.
11.07.2025 08:43

Ифтитоҳи гулгашт ва муҷассамаи Гулназар Келдӣ. Сафари Эмомалӣ Раҳмон аз ноҳияи Айнӣ оғоз шуд

Тавре ки хадамоти матбуоти Президенти мамлакат хабар медиҳад, имрӯз, 11-ум июл сафари кории Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Айнӣ бо ифтитоҳи гулгашт ва муҷассамаи Шоири халқии Тоҷикистон Гулназар Келдӣ оғоз ёфт.
10.07.2025 15:34

Тим Бурчет: “Амрико дар ҳар ҳафта ба Толибон 20 миллион доллар пул мефиристад”

Дар идомаи интиқодҳо аз сиёсатҳои Иёлоти Муттаҳида дар қиболи Афғонистон Тим Бурчет, намояндаи Ҷумҳурихоҳони Конгресси Амрико аз кумакҳои молии доимии Вашингтон ба гурӯҳи террористии Толибон парда бардошт. Ӯ эълон кард, ки давлати Амрико ҳар ҳафта 40 миллион доллар ба Толибон ирсол мекунад. Рақаме, ки ба гуфати ӯ, дар маҷмуъ то кунун ба тақрибан 5 миллиард доллар расидааст.
10.07.2025 15:20

Қазоқистон мехоҳад ба маркази блокчейни Осиёи Марказӣ табдил ёбад

Бонки миллии Қазоқистон бо ташаббуси яксилсила сиёсати нав ба дунболи табдили Қазоқистон ба қутби блокчейн дар Осиёи Марказӣ аст. Ин иқдом дар чорчӯби ташаккули захираи миллии дороиҳои рақамӣ, ки дорои криптовалютҳои мусодирашуда ва истихроҷшуда аз сӯи давлат хоҳад буд, рӯи даст гирифта шудааст.
10.07.2025 11:19

БРИКС низоми якқутбии Ғарбро бо низоми бисёрқутбии одилона иваз мекунад

Дар пойтахти Бразилия Саммити солонаи БРИКС бо ширкати роҳбарони кишварҳои аъзо ва кишварҳои нозир доир гардид. Ин нишаст, ки дар фазои тантанавӣ ва пур аз мубоҳисаҳои муҳим сурат гирифт, ба баррасии масъалаҳои иқтисодии ҷаҳонӣ, ҳамкориҳои минтақавӣ ва мубориза бо таҳдидҳои муосир, аз қабили тағйироти иқлим ва амнияти байналмилалӣ бахшида шуд. Суханронии роҳбарони кишварҳо, аз ҷумла президентҳои Русия, Чин, Бразилия ва намояндагони Ироқ, ки ба ҳайси узви нозир ширкат доштанд, мавзуъҳои калидии рӯзномаи ҷаҳониро рӯшан намуданд.
10.07.2025 11:04

Эмомалӣ Раҳмон ва Садир Жапаров дар Форуми иқтисодӣ ва сармоягузорӣ ба рушди “иқтисоди сабз” ва гидроэнергетика таъкид карданд

Дар доираи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон ба Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе Форуми иқтисодӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қирғизистон доир гардид. Дар ин ҳамоиш сарони ду кишвар – Эмомалӣ Раҳмон ва Садир Жапаров ширкат намуда, дар ҳузури доираҳои соҳибкорию сармоягузорӣ суханронӣ намуданд.
10.07.2025 10:55

Толибон аз Қазоқистон хост ин гурӯҳро ба расмият шиносад

Сафири гурӯҳи террористии Толибон дар Остона Муҳаммад Раҳмон дар мулоқот бо намояндаи хоси президенти Қазоқистон Эркин Туркумов хост, ки ба мисли Федератсияи Русия ин гурӯҳро ба расмият шиносанд.