1 Октябр 2026,
панҷшанбе, 09:38, Душанбе
29.05.2025 17:37

Тоҷикистон дарвозаи ҳамкориро ба рӯи ширкатҳои зеҳни сунъии Амрико ва АМА боз мекунад

Мақомоти Тоҷикистон нахустин бор барои ба вуҷуд овардани инфрасохтори зеҳни сунъӣ бо ширкатҳои маъруфи Амрико ва Аморати Муттаҳидаи Араб гуфтугӯ намудаанд.

Хуршед Мирзо, директори Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ширкатҳои «Scale AI»-и Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва «Presight AI h»-и Амороти Муттаҳидаи Араб масоили ҳамкорӣ дар самти зеҳни сунъӣ ва таҳкими муносибатҳои дуҷонибаро мавриди гуфтугӯ қарор доданд.

Тибқи маълумотҳо, ширкати «Presight AI h»-и Амороти Муттаҳидаи Араб  соли 2020 дар Абузабӣ таъсис шуда, зерсохти холдинги технологии G42 мебошад ва сармояи он ба 3, 7 миллиард доллар мерасад. Маҳсулоти асосии ширкати «Presight» платформаи TAQ мебошад. Он дар самти хизматрасониҳои давлатӣ, молия, варзиш, хизматрасониҳои коммуналӣ, иқлим ва маориф ба шакли васеъ истифода мешавад.

Ширкати «Scale AI» бошад соли 2016 дар шаҳри Сан-Франсискои Калифорния ташкил шуда, сармояи он  беш аз 25 миллиард доллар аст. Ин ширкат ба таҳлилу муаррифии иттилоот барои омӯзиши моделҳои зеҳни сунъӣ машғул аст. «Scale AI» бо ширкатҳои бузурги ҷаҳонии технологӣ, аз ҷумла Meta, Microsoft, OpenAI ва Вазорати дифои Амрико ҳамкорӣ мекунад.

Ҷонибҳо зимни мулоқот роҳҳои асосии ҳамкорӣ дар доираи амалӣ намудани “Стратегияи миллии рушди зеҳни сунъӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” –ро мавриди баррасӣ қарор доданд. Масоили омода намудани кадрҳо дар самти зеҳни сунъӣ, рушди лоиҳаҳои пажӯҳишӣ ва локализатсияи технологияҳои зеҳни сунъӣ дар дохили кишвар баррасӣ шуд.

Ҳайати намояндагони ширкатҳои «Presight AI h»-и Амороти Муттаҳидаи Араб ва «Scale AI»– и Амрико  бо  имкониятҳои мавҷудаи  бинои IT Park-и Душанбе шинос шуданд.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

01.10.2026 09:33

Иддаои ҷангталабонаи Трамп: “Шояд Эронро бомбборон кунем”

Доналд Трамп, раисҷумҳури ИМА рӯзи чоршанбе, 30-юми сентябр гуфт, ки Вашингтон барои расидан ба тавофуқ бо Эрон метавонад аз роҳи низомӣ истифода кунад. Ӯ ҳамчунин, эҳтимоли ҳамлаи дубора ба Эронро матраҳ карда, гуфт: “Шояд онҳоро бомбборон кунем”.
01.10.2026 09:11

Аксиос: Рубио ба ҳайати эронӣ дастур дод хоки Амрикоро тарк кунад

Сомонаи “Аксиос” ба нақл аз манобеъ дар Вазорати хориҷии Амрико гуфтааст, ки Марко Рубио, вазири хориҷии ин кишвар, рӯзи душанбе ва пас аз ба бунбаст расидани музокирот, аз ҳайати эронӣ хостааст, ки фавран хоки Амрикоро тарк кунанд.
01.10.2026 08:55

Тоҷикистон ва Қазоқистон робитаҳои байнипарлумониро баррасӣ карданд

Файзалӣ Идизода, раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон ва Валихон Турехонов, сафири Ҷумҳурии Қазоқистон дар Тоҷикистон масъалаҳои рушди ҳамкории байнипарлумонии ду кишварро баррасӣ кардаанд.
30.09.2026 15:45

Манзаралӣ Шералӣ: “Филми хуб ҳам худаш тамошобинро пайдо намекунад”

Аз 22-юми октябр дар кинотеатрҳои кишвар филми «Хуршеду Моҳ» ба намоиш гузошта мешавад. «Хуршеду Моҳ филми нави ошиқона буда, дар бораи ишқи нокоми Хуршед ва Моҳ қисса мекунад. Dialog.tj бо коргардон ва муаллифи филмномаи «Хуршеду Моҳ» Манзаралӣ Шералӣ суҳбат кард, ки фишурдаи онро пешкаши хонандагон мекунем.
30.09.2026 15:04

Тоҷикистон ва Қатар дар бораи сармоягузорӣ дар Тоҷикистон гуфтугӯ карданд

Мақомоти Тоҷикистону Қатар масъалаи сармоягузорӣ ва амалӣ намудани лоиҳаҳои муштараки иқтисодии ду кишварро мавриди баррасӣ қарор доданд. Дар мулоқоти мақомоти ду кишвар раванди иҷрои лоиҳаи “Диёри Душанбе” мавриди гуфтугӯ қарор гирифт.
30.09.2026 14:33

Гардиши савдои Қазоқистон бо Тоҷикистон 25 фоиз афзоиш ёфтааст

Гардиши тиҷорати Қазоқистон ва Тоҷикистон дар ҳафт моҳи соли 2026 назар ба ҳамин давраи соли гузашта 25 фоиз зиёд шудааст. Ҳаҷми савдои ду кишвар дар ин давра ба тақрибан 855 миллион доллар расидааст.