3 Октябр 2026,
шанбе, 15:00, Душанбе
02.05.2025 09:26

Сергей Лавров: “Русия интизори омадани Тоқаев барои иштирок дар паради Ғалаба аст”

Вазири корҳои хориҷии Федератсияи Русия Сергей Лавров хабар дод, ки Маскав интизори омадани Қосим-Жомарт Токаев барои ширкат дар ҷашни Ғалаба аст.

“Мо интизори Қосим-Жомарт Токаев, президенти Ҷумҳурии Қазоқистон барои иштирок дар маросимҳои ҷашни 80-умин солгарди Ғалабаи умумии мо ҳастем”- гуфт Сергей Лавров дар мулоқот бо Вазири корҳои хориҷии Қазоқистон Мурат Нуртлеу.

Бар асоси гуфтаи ӯ, ҳамчунин, мулоқоти иловагӣ миёни роҳбарони ду кишвар, раисони ҳукумат ва роҳбарони парламентҳо низ дар назар аст. Ҳамаи ин далели густариши робитаҳои ду кишвар дар ҳамаи соҳаҳо гуфта мешавад.

Вазири корҳои хориҷии Қазоқистон иттилоъ дод, ки ҳамчунин, сафари президенти Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев дар фасли тирамоҳ низ пешбинӣ шудааст. Ӯ афзуд, ки Остона омодагии ҷиддӣ ба сафари давлатии президент ба Русия мебинад.

Даъватнома барои ширкат дар ҷашни Ғалаба ба роҳбарони аксари кишварҳо, аз ҷумла роҳбари Ҷумҳурии мардумии Чин Ким Чин Ин, президентҳои Беларусия ва Венесуала Александр Лукашенко, Николас Модуро, президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, президенти Сербия Милорад Додик ва роҳбарони ҳамаи кишварҳои Осиёи Марказӣ фиристода шудааст.

Русия барои таҷлил аз 80-умин солгарди ҷашни ҶБВ омодагии вижа дида, мақсад дорад, ки онро дар сатҳи бисёр баланд баргузор кунад. Ба пешвози ҷашни Ғалаба Русия ба муддати се рӯз дар рӯзҳои ҷашн оташбаси яктараф бо Украина эълон кард. Владимир Зеленский ин пешниҳоди Русияро қабул накард.

Дар паради низомии ҷашни Ғалаба сарбозон аз артиши кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон ширкат мекунанд. Сарбозони артиши Тоҷикистон аллакай барои ширкат дар паради ҳарбӣ ба Русия фиристода шудаанд.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо