Тавҳини Трамп бар миллати Эрон: “Эрониҳо бадтарин миллати рӯи заминанд”
Кишварҳои Осиёи Марказӣ: Зарари офатҳои табиӣ дар ин минтақа дар 35 соли ахир беш аз 1 миллиард доллар аст
Владимир Зеленский: “Русия ба Эрон кумак мекунад”
Трамп: “Агар ҷанг намекардем Эрон аз бомби атомӣ бар зидди душманонаш истифода мекард”
Як зани узви хонадони подшоҳии Афғонистон ёвари муовини Вазири корҳои хориҷаи Амрико таъйин шуд
Морӣ Кабир Сироҷ Бешопинг, як зани 33-сола аз насли хонаводаи подшоҳии Афғонистон ба ҳайси ёвари муовини Вазири корҳои хориҷии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар умури Афғонистон таъйин шуд.
Қабл аз ин, ӯ мушовири аршади Кумитаи умури хориҷии Маҷлиси намояндагони Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва масъули таҳқиқоти назоратӣ дар бораи хуруҷи неруҳои Амрико аз Афғонистон буд.
Сироҷ Бешопинг дорои дараҷаи доктори ҳуқуқшиносӣ аз Донишгоҳи Вирҷиния ва дараҷаи бакалавр аз Донишгоҳи Калифорния дар Лос-Анҷелес буда, забонҳои олмонӣ, англисӣ ва дариро медонад.
Ӯ қабл аз ин ҳамчун мушовири аршади ҳуқуқӣ ва мудири кормандони зеркумита ва Кумитаи умури хориҷии Маҷлиси намояндагони Иёлоти Муттаҳидаи Амрико адои вазифа карда, роҳбарии зеркумитаи Осиёи Ҷанубӣ ва Марказиро ба уҳда доштааст. Ӯ дар ин вазифа мушовири аслии раиси кумита ва зеркумита дар масъалаҳои вобаста ба минтақаҳои мазкур буд.
Сироҷ Бешопинг, ҳамчунин, мушовири ҳуқуқӣ дар Дафтари мушовирати ҳуқуқии Вазорати корҳои хориҷии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва ҳамчунин, ёвари додрас Кент Э. Ҷордан дар додгоҳи таҷдиди назари минтақаи сеюми ИМА кор кардааст. Ӯ дар дафтарҳои ҳуқуқии “Гибсон, Дан ва Крачер” ва “Вил, Готшал ва Манджес” дар Ню-Йорк ба фаъолияти ҳуқуқшиносӣ машғул гардидааст.
Падар ва модари Морӣ Сироҷ Бешопинг дар замони ҳамлаи Иттиҳоди Шӯравии пешин Афғонистонро тарк карда буд. Бар асоси тарҷумаи ҳоли расмӣ Морӣ аз насли Сурайё Тарзӣ, ҳамсари подшоҳ Амонуллоҳхон аст. Ӯ дар Амрико таваллуд шуда, то ҳол ба Афғонистон сафар накардааст.
Дафтари намояндаи махсуси ИМА оид ба занони Афғонистон зери роҳбарии Рина Амирӣ қарор дошт, баъди истеъфои ӯ ҳукумати Доналд Трамп шахси дигареро ба ҷойи ӯ таъйин кард. Ин дафтар ва дафтари умури Афғонистон дар замони ҳукумати Ҷо Байден баъд аз хуруҷи ИМА аз Афғонистон таъсис дода шуд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Ҳорун Самарқандӣ: “Ояндаи тоҷикони Афғонистон ба ташаккули стратегияи мустақили сиёсӣ вобаста аст
“Ҳар чизе дар дасти мо буд, кардем”. Нурулло Алиев ба муҳимтарин муҳорибааш омода аст
Ироқчӣ ба Амрико бори дигар ҳушдор дод
Тоҷикистон мехоҳад бо ширкатҳои чинӣ неругоҳҳои офтобӣ ва бодӣ бунёд кунад