Арабистони Саудӣ дар 24 соат 94 бор ба Яман ҳамла кард
Вазорати мудофиа: "Нақшаи даъвати тирамоҳӣ 55 фоиз иҷро шуд"
Тоҷикистон ва Русия берун аз чорчӯби СААД машқҳои низомӣ доир карданд
Путин: “Ҷаҳон аз шуҷоат ва муқовимати мардуми Эрон дар ҳайрат аст”
Тоҷикистон ва Ӯзбекистон қасд доранд ҳаҷми савдоро ба 2 миллиард доллар афзоиш диҳанд
Тоҷикистон ва Ӯзбекистон мехоҳанд ҳаҷми доду ситади тиҷоратиро то соли 2030 ба 2 миллиард доллар афзоиш диҳанд. Дар ин хусус, ҷонибҳо зимни баргузор намудани ҷалсаи 12-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷоратӣ, ки дар шаҳри Хеваи Ӯзбекистон баргузор гардид, изҳорот доданд.
Дар ҷаласаи муштарак сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва сарвазири Ӯзбекистон Абдулло Орипов ширкат намуданд. Дар ҷаласа масъалаҳои мубрами ҳамкориҳои байнидавлатӣ дар самтҳои тиҷорат, сармоягузорӣ, энергетика, гумрук, маориф ва фарҳанг мавриди баррасӣ қарор гирифт. Таъкид шуд, ки ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар солҳои ахир ба марҳилаи нави рушд расида, робитаҳои дӯстона ва ҳампаймонӣ миёни ду кишвар пайваста тақвият меёбад.
Қоҳир Расулзода ва Абдулло Орипов таъкид намуданд, ки ҳаҷми тиҷорати дуҷониба дар панҷ соли ахир ду баробар афзудааст. Шумораи корхонаҳои муштарак аз 300 адад гузашта, дар ҳоли афзоиш аст. Бо вуҷуди ин, ба гуфтаи роҳбарони ниҳодҳо сатҳи кунунии гардиши мол пурра имкониятҳои ҷонибҳоро инъикос намекунад ва ҳанӯз захираҳои истифоданашуда зиёд боқӣ мондаанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Сарвазири Қатар: “Эрон ҳамсояи Қатар аст ва ҳамеша чунин боқӣ хоҳад монд”
Арабистони Саудӣ дар 24 соат 94 бор ба Яман ҳамла кард
Вохӯрии Ҳабибулло Воҳидзода бо Александр Баженов
Даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» ҷамъбаст гардид