12 Июл 2025,
шанбе, 12:20, Душанбе
14.03.2025 14:02

Манифести Куруши Кабир: соли 2025 аз интишори нахустин Эъломияи ҳуқуқи башар 2550 сол пур мешавад

Халқи тоҷик дорои таърихи қадим ва бой буда, бо арзишҳои инсонӣ, некхоҳӣ ва дастовардҳои илмию фарҳангии худ шуҳрат дорад. Бисёр анъанаҳои он ба феҳристи мероси маънавии ҷаҳонӣ ворид шудаанд. Як намунаи ин мероси пурарзиш аввалин эъломияи ҳуқуқи башар дар таърихи башарият - Эъломияи Куруши Кабир мебошад, ки бо номи «Силиндри Куруш» низ машҳур аст. Маҳз ҳамин эъломия ба ҷомеаи ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва инсондӯстона асос гузошт, ки имрӯз дар Ғарбу Шарқ ба он кӯшиш доранд. 

Принсипҳои демократия, адолат, ҳифзи ҳуқуқи инсон ва идоракунии самараноки давлат - ҳамаи ин ғояҳо ҳамчун асоси ҷомеаи муосири ҳуқуқӣ қабул гардида, аз Эъломияи ҳуқуқи башари Куруши Кабир сарчашма мегиранд. 

Имсол аз қабули Эъломияи ҳуқуқи башари Куруши Бузург 2550 сол пур мешавад. Ин аст, ки президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 28-уми декабри соли 2024 дар Паёми солонаи худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тамоми вазорату идораҳои масъул дастур дод, ки барои таҷлили ин санаи муҳим тамоми маводи заруриро омода ва ба ЮНЕСКО пешниҳод намоянд. Дар ин росто, мо тасмим гирифтем, ки дар бораи аз чӣ ҷиҳат беназир ва пурарзиш будани ин Эъломия ёдовар шавем. 

Яке аз аввалин санадҳои ҳуқуқие, ки дар рушди ақидаҳо дар бораи ҳуқуқи инсон ва озодии шахсият саҳми арзанда гузоштааст, Эъломияи Куруши Кабир мебошад. Ин санади таърихӣ, ки беш аз 2500 сол пеш таҳия шудааст, барои дарки он, ки чӣ гуна принсипҳои ҳуқуқи инсон, аз ҷумла озодии эътиқод, ҳуқуқ ба дахлнопазирии манзил ва ҳуқуқ ба адолат ва эҳтиром дар тӯли садсолаҳо як манбаи муҳим гардид. 

Куруши Кабир асосгузори нахустин империяи Форс – империяи Ҳахоманишиён мебошад, ки дар асрҳои VI – IV пеш аз милод арзи вуҷуд дошт. Империя ҳудудҳои васеъро дар бар гирифта, 24 вилоят дошт, ки ҳар кадоми онҳоро волӣ (ҳокими маҳаллӣ) идора мекард. Куруши Кабир бо инсондӯстии худ машҳур аст. Барои мисол, маҳз ӯ аввалин бор фармон дар бораи баргардонидани асирон ва барқарорсозии маъбадҳоро баровард, ки эҳтироми ӯро нисбат ба анъанаҳои динию  фарҳангии халқҳои истилошуда нишон медиҳад. Ӯ тавонист халқҳо ва фарҳангҳои гуногунро дар заминаи таҳаммул ва эҳтиром ба анъанаҳо, дин ва расму оинҳо муттаҳид кунад, ки ин дар таҳкими давлати Ҳахоманишиҳо нақши муҳим бозид. Гуногунии гурӯҳҳои этникӣ ва фарҳангӣ дар ҳудуди як давлат чандирӣ ва муташаккилии системаи идоракунии онро таъкид мекунад. 

Яке аз дастовардҳои бузурги Куруши Кабир эъломияе мебошад, ки аввалин манбаи таърихии маълумотҳо дар бораи ҳифзи ҳуқуқи инсон маҳсуб меёбад. Ин эъломия дар соли 539-и пеш аз милод қабул гардида, аввалин санаде ба ҳисоб меравад, ки дар он принсипҳои асосии эҳтироми ҳуқуқи инсон, аз ҷумла ҳуқуқи озодӣ, таҳаммулпазирии динӣ ва ҳифзи мардум аз зулм дарҷ гардидаанд. Матни Эъломияро соли 1879 дар харобаҳои Бобули қадим (Ироқи ҳозира) пайдо карданд. Он ба забони бобулӣ дар силиндри гилӣ кандакорӣ шудааст. Силиндри Куруш як осори муҳимми бостоншиносӣ гардида, муносибати инсонпарваронаи Куруши Кабирро нисбат ба давлатдорӣ ва эҳтироми ӯро ба ҳуқуқи халқҳои истилошуда тасдиқ мекунад. 

Силиндир як найчаи хурди гилин аст (баландиаш тахминан 23 см), ки дар он матн дар бораи ғалабаи Куруш бар подшоҳи Бобул ва ҳамчунин, тасмимҳои ӯ дар мавриди озодии дин ва барқарорсозии тартибот кандакорӣ шудааст. Ин осор тафсилоти зиёдеро дар бораи муносибати Куруш бо халқҳои истилошуда, инчунин, дар бораи он, ки чӣ гуна Куруш маъбадҳои харобшударо барқарор мекард, асиронро озод мекард ва барои озодона ибодат кардани дини (худои) худ имконият медод, дар бар мегирад. 

Аҳамияти ин санад боз дар он аст, ки он рамзи на танҳо ғалабаи ҳарбӣ, балки рамзи таваҷҷӯҳи Куруш ба ҳуқуқ ва некуаҳволии шаҳрвандон, новобаста аз мансубияти этникӣ ва эътиқоди динии онҳо мебошад. Силиндри Куруш имрӯз низ ҳамчун рамзи ҳуқуқи башар ва таҳаммулпазирӣ боқӣ монда, яке аз аввалин санадҳои ҳуқуқии ба ҳифзи ҳуқуқҳои шахс бахшидашуда маҳсуб меёбад. 

Дар кашфи силиндри Куруш бостоншинос ва ассириолог Ҳурмузд Рассам нақши муҳим бозидааст. Ин осори нодир соли 1879 дар ҷараёни ҳафриётҳои бостоншиносӣ дар Бобули қадим аз ҷониби ин бостоншинос пайдо карда шуда, як унсури муҳим барои дарки таърих ва сиёсати империяи Форс гардид. Худи силиндр дар харобаҳои яке аз қасрҳои Бобул пайдо гардида, ба зудӣ ба Осорхонаи Бритониё дар Лондон супорида шуд. 

Матни эъломияро шарқшиноси барҷастаи бритониёӣ ва мутахассиси забонҳои қадим Ошур Край Ровлинсон омӯхта, тарҷума кардааст. Олим ва филологи тоҷик П. Ҷамшедов матни онро ба забони форсӣ-тоҷикӣ тарҷума кардааст. Тарҷумаи Ҷамшедов дар дастрас гардидани ин санади таърихӣ барои доираи васеи муҳаққиқон ва ҷонибҳои манфиатдор дар кишварҳои форсзабон кумак расонид. Асарҳои ин олимон барои нигоҳ доштан ва дарк кардани аҳамияти таърихии Силиндри Куруш кумак карданд ва он яке аз муҳимтарин сарчашма барои омӯзиши сиёсат ва инсонпарварии ҷаҳони қадим гардид. 

Силиндри Куруш, гарчанде ки як осори бузурги бостоншиносӣ мебошад, ба мисли бисёр иншоотҳои қадимӣ бо мурури замон тахриб карда шуд. Ҳангоми дар соли 1879 пайдо кардани ин Силиндр, матни он қисман покшуда ва баъзе ҷойҳояш осебдида буданд, ки ин омӯзиши пурраи матнро душвор мегардонад. Аммо, бо вуҷуди ин харобиҳо, матни боқимонда имкон медиҳад, ки бо лаҳзаҳои муҳимми таърихии ба таҳаммулпазирии мазҳабӣ, ҳуқуқи халқҳои истилошуда ва сиёсати инсондӯстонаи Куруши Кабир вобастабуда шинос шавем. 

Нусхаи Силиндр дар Маркази Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Ню Йорк ҳамчун рамзи муҳимми боарзиш будани ҳуқуқи башар нигоҳ дошта мешавад, ки соли 1971 дар он ҷо гузошта шудааст. 

Эъломияи Куруши Кабир ҳамчун ёдоварӣ дар бораи аҳамияти озодии инсон ва ҳуқуқи ӯ ба муомилаи арзанда, новобаста аз мансубияти этникӣ, динӣ ва фарҳангӣ, хизмат мекунад. Матни Силиндр ба аҳамияти ин арзишҳо дар он давра таъкид карда, ба фалсафаи ҳуқуқи башар таъсири дарозмуддат мегузорад, инчунин, ҳамчун манбаи пурарзиш барои омӯзиш хизмат карда, бисёр тамаддунҳоро барои қабули ин принсипҳо ҳавасманд мекунад. 

Дар матн се арзишҳои асосии демократӣ инъикос ёфтаанд, ки барои бисёр консепсияҳои муосири ҳуқуқи инсон ҳамчун асос қабул шудаанд:

- Озодии эътиқод – Куруши Кабир ба халқҳои истилошуда имкон дод, ки худои худро парастиш кунанд ва расму оинҳои динии худро барқарор намоянд. Ӯ ҳеч гоҳ эътиқоди худро таҳмил намекард, баръакс, дар ҳудуди империяи худ анъанаҳои мазҳабии халқҳои гуногунро эҳтиром ва дастгирӣ менамуд.

- Озодии интихоби ҷои истиқомат - Куруш асиронро озод карда, ба онҳо иҷозат медод, ки ба зодгоҳашон баргарданд ва инро низ метавон яке аз шаклҳои озодии ҳаракат ва интихоби ҷои истиқомат номид.

- Дахолат накардан ба ҳуқуқи дигарон - Куруш чунин муқаррар кард, ки ҳокимияти ӯ набояд ҳуқуқи халқҳои истилошударо, аз ҷумла ҳуқуқи онҳо ба замин ва моликиятро поймол кунад. Ӯ қонуну анъанаҳои халқҳои забтшударо эҳтиром мекард ва ҳуқуқу манфиатҳои онҳоро таъмин менамуд.

Арзишҳои ҳуқуқие, ки Куруши Кабир дар фармони худ дарҷ кард, барои санадҳои минбаъда, аз ҷумла барои Эъломияи умумии ҳуқуқи башари СММ, ки соли 1948 қабул гардид, ҳамчун заминаи муҳим хизмат карданд. Ин эъломия муҳимтарин санади байналмилалӣ мебошад, ки ҳуқуқҳои асосии ҳар як инсонро, аз қабили: ҳуқуқ ба зиндагӣ, озодӣ, амнияти шахсӣ, ҳуқуқ ба озодии фикр ва эътиқод, инчунин ба муҳофизат аз зулму ситам ва беадолатиро таъмин мекунад. 

Эъломияи умумии ҳуқуқи башар аз бисёр ҷиҳат ғояҳоеро, ки дар Манифести Куруш баён гардидаанд, идома дода, пурарзиш будани озодии инсон, эҳтироми шаъну эътибори шахсият ва баробарӣ дар назди қонунро таъйид мекунанд. Ин санад дастури ҳуқуқӣ барои кишварҳои узви Созмони Милали Муттаҳид гардида, ба онҳо барои қабули қонунҳо ва ташаббусҳои ба ҳифзи ҳуқуқи инсон ва арзишҳои демократӣ равонакардашуда илҳом мебахшад. 

Ҳамин тариқ, метавон гуфт, ки ин эъломияи қадим на танҳо рамзи инсондӯстӣ, балки як қадами аввалин дар роҳи дарки муосири ҳуқуқи инсон низ гардид. 

Аз ин рӯ, Эъломияи Куруши Кабирро метавон аввалин санади ҳуқуқӣ номид, ки принсипҳои эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои шахсро ба таври возеҳ ифода намуд ва муносибати инсондӯстонаи он барои рушди минбаъдаи ҳуқуқ ва қонуният дар фарҳангҳо ва низомҳои ҳуқуқии гуногун замина гузошт. Ин санади қадим на танҳо манбаи пурарзиш барои муаррихону ҳуқуқшиносон гардид, балки ба рушди консепсияҳои ҳуқуқи инсон, адолат ва демократия дар тамоми ҷаҳон илҳом бахшид. 

Мадина Воҳидова 

Dialog.TJ

 

Хатти хабарҳо

12.07.2025 10:26

Меҳрнигори Рустам: “Агар суруди миллиро намедонистам...”

Шоми гузашта дар шабакаҳои иҷтимоӣ як навори кӯтоҳе ба гардиш даромад, ки дар он сарояндаи шинохтаи тоҷик Меҳрнигори Рустам суруди миллиро қироат карда, дар мисраи дуюми он хато мекунад. Дар шарҳи навори мазкур корбарон ҳар гуна суханҳои қабеҳ гуфтанд.
12.07.2025 10:21

Ироқчӣ: “Агар Амрико кафолат диҳад, ки ба Эрон ҳамла намешавад, ба музокира бармегардем”

Сайид Аббос Ироқчӣ, вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар гуфтугӯ бо рӯзномаи “Ле Монд” –и Фаронса гуфт, ки Эрон ҳамеша ба музокирот бар асоси иззат, мантиқ ва эҳтироми мутақобил пойбанд буда. Ӯ дар ин хусус афзуд, ки ҳамеша миёни Эрон ва кишварҳои дигар тамосҳои дипломатӣ ҷараён дорад.
12.07.2025 10:07

Эмомалӣ Раҳмон оғози сохтмони корхонаи сурмаи Айниро расман эълон намуданд

Эмомалӣ Раҳмон, президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи сафари расмӣ ба ноҳияи Айнӣ ба таври маҷозӣ оғози сохтмони корхонаи истихроҷи сурмаи ҶСК “Паҳандра Майнинг”-ро эълон карданд. Дар ин бора дафтари матбуоти президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар додааст.
12.07.2025 09:48

Ӯзбекистон гузориши СММ дар бораи Гулнора Каримоваро беасос номид

Ҳукумати Ӯзбекистон ба изҳороти ахири Гурӯҳи кории Шурои ҳуқуқи башари СММ оид ба боздоштҳои худсарона, ки дар он масъалаи боздошти духтари президенти пешин Ислом Каримов — Гулнора Каримова баррасӣ шуда буд, вокуниш нишон дод.
12.07.2025 09:42

Дар Душанбе Иттиҳоди Аврупо бо кишварҳои Осиёи Марказӣ “диалоги зиддитеррористӣ” доир кард

Иттиҳоди Аврупо ва кишварҳои Осиёи Марказӣ рӯзи 11-уми июл дар шаҳри Душанбе аввалин муколамаи худ оид ба мубориза бо терроризмро доир намуданд. Дар ин бора намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар додааст.
11.07.2025 10:26

Пизишкиён ба Шурои Аврупо ҳушдор дод: “Ҳамла ба Эрон бо посухи “қатъӣ ва пушаймонкунанда” рӯ ба рӯ хоҳад шуд”

Масъуд Пизишкиён, президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон дар ҷараёни тамоси телефонӣ бо Антониу Кошта, раиси Шурои Аврупо дар хусуси вазъияти байналмилалӣ ва робитаҳои миёни Эрону Иттиҳоди Аврупо гуфтугӯ кард. Ӯ таъкид кард, ки такрори ҳар гуна таҷовуз бар зидди Эрон бо посухи “қатъӣ ва пушаймонкунанда” рӯ ба рӯ хоҳад шуд.
11.07.2025 10:10

Кори расмӣ дар Кореяи Ҷанубӣ. Аз корҷӯёни тоҷик чӣ талаб карда мешавад?

Агентии бакортаъмикунӣ дар хориҷаи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки барномаи нави ҷалби шаҳрвандони кишвар барои кор дар Кореяи Ҷанубӣ оғоз шудааст.
11.07.2025 08:59

Муборизаи беамони полис бар зидди фолбину ҷодугарон. 90 нафар ба “панҷаи қонун” супурда шуданд

Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе тадбирҳои фаъолро барои пешгирии фаъолияти фолбин ва ҷодугарҳо идома медиҳад, то ин навъи фаъолияти ғайриқонунӣ пурра решакан гардад.
11.07.2025 08:52

Чин ва Ӯзбекистон мехоҳанд роҳи оҳани бисёрсамтаи Осиёи Марказиро густариш диҳанд

Вазирони нақлиёти Чин ва Ӯзбекистон дар ҷараёни мулоқоти дуҷониба ба ҳамкориҳои зерсохторӣ ва густариши лоиҳаҳои роҳи оҳан ва роҳҳои бисёрсамта дар доираи робитаҳои стратегии миёни ду кишвар таъкид намуданд.
11.07.2025 08:43

Ифтитоҳи гулгашт ва муҷассамаи Гулназар Келдӣ. Сафари Эмомалӣ Раҳмон аз ноҳияи Айнӣ оғоз шуд

Тавре ки хадамоти матбуоти Президенти мамлакат хабар медиҳад, имрӯз, 11-ум июл сафари кории Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Айнӣ бо ифтитоҳи гулгашт ва муҷассамаи Шоири халқии Тоҷикистон Гулназар Келдӣ оғоз ёфт.
10.07.2025 15:34

Тим Бурчет: “Амрико дар ҳар ҳафта ба Толибон 20 миллион доллар пул мефиристад”

Дар идомаи интиқодҳо аз сиёсатҳои Иёлоти Муттаҳида дар қиболи Афғонистон Тим Бурчет, намояндаи Ҷумҳурихоҳони Конгресси Амрико аз кумакҳои молии доимии Вашингтон ба гурӯҳи террористии Толибон парда бардошт. Ӯ эълон кард, ки давлати Амрико ҳар ҳафта 40 миллион доллар ба Толибон ирсол мекунад. Рақаме, ки ба гуфати ӯ, дар маҷмуъ то кунун ба тақрибан 5 миллиард доллар расидааст.