29 Ноябр 2026,
якшанбе, 23:26, Душанбе
21.02.2025 11:21

Эрон, Миср, Исроил ва Марокаш ба харидани гандуми Қазоқистон мароқ зоҳир кардаанд

Мақомоти қазоқистонӣ дар талоши онанд, ки роҳҳои алтернативии содироти гандуми Қазоқистонро ҷустуҷӯ кунанд. Роҳбарияти Вазорати кишоварзии Қазоқистон гуфтааст, ки бархе кишварҳо, аз ҷумла Эрон ва Миср ба ворид намудани гандум аз Қазоқистон таваҷҷуҳ зоҳир кардаанд.

Ермек Кенжеханули, муовини вазири кишоварзии Қазоқистон масъалаи лағви маҳдудиятҳо оиди  транзити гандуми Қазоқистон ба воситаи Русияро шарҳ дода, таъкид кард, ки роҳҳои алтернативиро пайдо хоҳанд кард.

Бар асоси иттилои муовини вазири кишоварзии Қазоқистон маҳдудияти муваққатии содироти гандум ба Русия аз 17-уми октябри соли 2024 ҷорӣ шуд ва дар аввали моҳи феврали соли 2025 бардошта гардид.

“Имрӯз мо фаъолона роҳҳои нави фурӯши гандумро меҷӯем” – таъкид кард Ермек Кенжеханулӣ.

Дар идома муовини вазири кишоварзии Қазоқистон аз афзоиши ҳаҷми содироти гандум хабар дод. Гуфта шуд, ки дар соли 2024 Қазоқистон 8, 1 миллион тонна гандум содирот кардааст.

“Мо ба наздикӣ ба Эрон сафар кардем ва бо харидорони эҳтимолӣ мулоқот намудем. Ғайр аз ин, ба гандуми мо Миср, Исроил ва Марокаш низ таваҷҷуҳ доранд” зикр кард Ермек Кенжеханулӣ.

Муовини вазири кишоварзии Қазоқистон  Ермек Кенжеханулӣ ҳосили тахминии истеҳсоди гандум дар соли 2025 –ро пешбинӣ намуда, чунин таъкид кард: “Соли гузашта мо тақрибан 18 миллион тонна гандум ҷамъоварӣ кардем. Агар ҳамаи зироатҳои ғалладонаро ҳисоб кунем, ҳаҷми умумӣ тақрибан 25 миллион тонна буд. Мо интизор дорем, ки содироти соли ҷорӣ 10-12 миллион тонна хоҳад шуд”.

Қаблан, Федератсияи Русия воридоти гандум ва маҳсулоти карантиниро аз Қазоқистон манъ карда буд, ки ҳоло ин маҳдудият лағв шудааст.

Мақомоти расмии Қазоқистон гуфта буданд, ки ният доранд гардиши мол бо Эронро то ба 3 миллиард доллар дар як сол афзоиш диҳанд. Онҳо таъкид карда буданд, ки Қазоқистон омода аст, 60 намуди маҳсулот, аз ҷумла ғалла, равғани офтобпараст, маҳсулоти гӯштӣ ва дигар молҳоро ба Эрон содир намояд.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

28.11.2026 15:44

Раҳбари ҳизби чапгарои Фаронса: Эрон ҳаққи дифоъ аз худро дорад

Жан-Люк Меланшон, раҳбари ҳизби чапгарои “Фаронсаи таслимнопазир”, дар як ҳамоиши интихоботӣ дар шаҳри Лил аз ҳаққи Эрон барои дифоъ аз ҳокимияти миллӣ ҳимоят карда, ҳамзамон хостори қатъи равобити тиҷоратии Иттиҳоди Аврупо бо ҳукумати Бенямин Нетаняҳу шудааст.
28.11.2026 09:52

Баррасии дурнамои ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ дар Тошканд

27-уми ноябр дар шаҳри Тошканд раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Ҷумъахонзода бо Дабири кулли Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ (UN Tourism) Шайха Ал-Нувайс мулоқот намуд.
28.11.2026 08:57

Бабри барфӣ пас аз муоина ба макони бехавф баргардонида шуд

Мутахассисони Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва кормандони Парки миллии Тоҷикистон бабри барфиеро пас аз муоинаи тиббӣ ба макони бехатар баргардониданд.
28.11.2026 08:55

Маскав: “Долони Трамп” бе ба назар гирифтани манфиатҳои Эрон ва Русия ноком хоҳад шуд

Сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Русия ҳушдор додааст, ки нодида гирифтани манфиатҳои Эрон ва Русия дар иҷрои тарҳи мавсум ба “Долони Трамп” метавонад ин тарҳи ҳамлу нақлро ба шикасти комил рӯбарӯ кунад.
28.11.2026 08:49

Созмони “Табибони бидуни марз”: Дар ҳамлаи ҳавоии Исроил ду корманди мо дар Ғазза кушта шуданд

Созмони байналмилалии Табибони бидуни марз” аз кушта шудани ду корманди худ дар ҳамлаи мустақими ҳавоии Исроил ба яке аз марказҳои тиббии ин созмон дар Навори Ғазза изҳори хашм ва таассуф кардааст.
28.11.2026 06:13

Далер Ҷумъа бо вазъи техникию истеҳсолии Неругоҳи барқи обии «Сангикар» шинос шуд

Имрӯз, 27-уми ноябр вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа дар доираи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Рашт бо вазъи техникию истеҳсолии Неругоҳи хурди барқи обии «Сангикар» шинос шуд.
27.11.2026 15:00

Мавсум Муинӣ иштироки фаъолонаи занон дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ дар кишварро муаррифӣ намуд

Мавсума Муинӣ, муовини раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нишасти солонаи байниминтақавии Парлумонҳои Араб ва Осиёӣ: Ояндаи аҳолӣ ва рушди устувор дар самти тавонмандсозии занону ҷавонон, баробарӣ, тандурустӣ ва некӯаҳволӣ, ки дар шаҳри Коломбои Шри Ланка доир гашт, иштирок ва суханронӣ намуд.
27.11.2026 12:38

Рушди ҳамкориҳо миёни Вазорати фарҳанги Тоҷикистон ва ИСЕСКО баррасӣ шуд

Дар ҳошияи конфронси байналмилалии илмӣ-фарҳангӣ таҳти унвони «Саҳми таърихии Борбади Марвазӣ дар рушди мусиқии анъанавии Шарқ» мулоқоти вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён бо директори дафтари минтақавии Созмони исломӣ оид ба масъалаҳои маориф, илм ва фарҳанг (ИСЕСКО) дар шаҳри Боку Абдулҳаким бин Фаҳад бин Абдулазиз Алсенан баргузор гардид.
27.11.2026 12:14

Трамп ва дабири кулли НАТО дар бораи ҷанги Украина ва даргириҳои Эрон гуфтугӯ карданд

Раисҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, Доналд Трамп, эълом кардааст, ки дар дидор бо Марк Рютте, дабири кулли Созмони паймони Атлантикаи Шимолӣ (НАТО), дар бораи ҷанги Русияву Украина, даргириҳои Эрон ва афзоиши хароҷоти дифоии кишварҳои узви ин паймон гуфтугӯ кардааст.
27.11.2026 12:10

Русия аз ҳамла ба зерсохторҳои логистикӣ ва низомии Украина хабар дод

Вазорати дифои Русия эълом кардааст, ки неруҳои ин кишвар шабона ба зерсохторҳои логистикии Украина ҳамла кардаанд. Ин вазорат ҳамчунин, гуфтааст, ки 317 паҳподи украинӣ дар минтақаҳои гуногуни Русия сарнагун шудаанд.