Аббос Ироқчӣ: “Амрико барои дифоъ аз Исроил 11 миллиард доллар сарф кардааст”
Дар натиҷаи ҳамлаи Ҷабҳаи озодӣ ба фурудгоҳи низомии Багром 10 Толиб кушта шудааст
Толибон бе Тоҷикистону Чин роҳи Долони Вахонро боз карданд. Чин гуфт, роҳ баста мемонад
Путин: “Шикасти Русия дар ҷанг ғайриимкон аст”
Миллионҳо доллари Гулнора Каримоваро аз Шветсария ба Ӯзбекистон бармегардонанд
Прокурори генералии Шветсария тасмим гирифт, ки 182 миллион доллари Гулнора Каримоваро, ки дар ин кишвар конфикс шудааст, ба Ӯзбекистон баргардонад.
6-уми феврали соли 2025 дар шаҳри Тошканд мулоқоти дуҷонибаи Акбар Тошқулов, вазири адлияи Ӯзбекистон бо Константин Оболенский, сафири фавқулода ва мухтори Шветсария дар Ӯзбекистон баргузор гардид. Дар ин мулоқот ҷонибҳо созишномаи активҳои конфиксшударо имзо намуданд.
Дар асоси созишномаи имзошуда баргардондани маблағҳо дар ҳаҷми 182 миллион доллар аз Шветсария ба Ӯзбекистон пешбинӣ шудааст.
Маблағҳои конфиксшуда бо роҳи ғайриқонунӣ ҷамъоварӣ шудаанд, аз ин рӯ, соли 2012 аз ҷониби Прокурори генералии Шветсария бар зидди Гулнора Каримова парвандаи ҷиноятӣ боз шуд.
Бар асоси созишнома баргардонидани маблағҳо ба воситаи Фонди чандҷонибаи “Uzbekistan vision 2030”, ки дар доираи Созмони Милали Муттаҳид таъсис ёфтааст, сурат мегирад.
Ёдовар мешавем, ки дар соли 2022 дар шаҳри Бернии Шветсария созишнома миёни Ӯзбекистон ва Шветсария оид ба усулҳои баргардондани активҳои бо роҳи ғайриқонунӣ бадастомада имзо шуда буд. Ин созишнома ба манфиати Ӯзбекистон буда, роҳи қонунии баргардонидани активҳои конфиксшударо фароҳам мекунад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Аз 6-моҳа то 5-сола. Дар кишвар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ баргузор мегардад
Пешвои миллат дар шаҳри Ваҳдат маркази ташхисӣ ва табобатии Лормедро ифтитоҳ намуданд
Боздошти марде бо гумони қаллобӣ: "Ваъда мекард, ки тавассути никоҳи сохта ба Амрико равон мекунад"
Дидгоҳи як тоҷик дар Синхуа. Наздикшавии Чин ва Осиёи Марказӣ ояндаи СҲШ шакл медиҳад