Ҷоизаи сулҳи Нобел дар соли 2026 ба “Навӣ” Пиллэй, ҳуқуқшиноси маъруфи Африқои Ҷанубӣ дода шуд
Шабакаи иҷтимоии бузургтарини Русия аз Иттиҳоди Аврупо ба додгоҳ шикоят бурд
Гузориши Вазорати корҳои хориҷии Амрико дар бораи қочоқи инсон: “Бачабозӣ” дар миёни Толибон идома дорад
Гузориши Вазорати корҳои хориҷии Амрико дар бораи қочоқи инсон: Толибон кӯдаконро ба ҳайси сарбоз ҷалб мекунанд
Қазоқистон: Афғонистон калиди субот ва амнияти Осиёи Марказӣ аст
Кордори сафорати Ҷумҳурии Қазоқистон дар Кобул гуфт, ки Афғонистон яке аз унсурҳои калидии амният ва субот дар Осиёи Марказӣ аст.
“Афғонистон яке аз унсурҳои калидии амният ва субот дар минтақаи Осиёи Марказӣ аст. Бар ин асос, Қазоқистон боварманд аст Афғонистон бештар фурсате барои субот ва амният дар минтақаи Осиёи Марказӣ бошад...” – гуфт Акбасов Газиз, кордори сафорати Қазоқистон дар шаҳри Кобул.
Ӯ ҳамчунин, дар хусуси ба расмият шинохтани гурӯҳи террористии Толибон гуфта, ки Қазоқистон бар асоси қонунҳои байналмилалӣ ва қарори Шурои амнияти Сизмони Милали Муттаҳид тасмим хоҳад гирифт:
“Пас аз бозгашти Толибон ба қудрат робитаҳо миёни Кобул ва Остона афзоиш ёфта ва Қазоқистон сафорати худро дар Кобул пас аз августи соли 2021 масдуд накард ва ба фаъолиятҳои дипломатии худ идома дод” – афзуд Акбасов Газиз.
Ҷумҳурии Қазоқистон бар хилофи изҳороти мақоми дипломатиаш баъди рӯйи кор омадани Толибон равобити густурдаи тиҷоратӣ ва сиёсиро бо ин гурӯҳ роҳандозӣ кард. Ҳоло тиҷорат миёни ин ду кишвар дар болотарин сатҳи рушд қарор дорад. Ҳаҷми муомилоти тиҷоратӣ миёни Қазоқистон ва Афғонистон аз марзи 2 миллиард доллар гузашт.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Украина аз тавофуқи Трамп бо Русия барои содироти дизел шадидан интиқод кард
Душанбе аз таҳкими муносибатҳои дӯстона бо Теҳрон хабар дод
“Ал-Ҷазира”: Буҳрони сӯзишворӣ дар Русия Душанберо ба домани Теҳрон тела медиҳад?
Ҷавонони Тоҷикистон аз Бозиҳои 20-уми Делфӣ 16 медал ба даст оварданд