Як мақоми олирутбаи ВКХ-и Амрико рӯзҳои оянда ба Тоҷикистон сафар мекунад
Эрон: Исроил барои оғози ҷанг хабарҳои бардурӯғ паҳн мекунад
Чаҳор кишвар аз Исроил хостанд, ки ба вуруди кумакҳои башардӯстона ба Ғазза иҷозат диҳад
Эрон: Кишти маводи мухаддир дар Афғонистон афзоиш ёфтааст
Дар Қазоқистон 65 миллион рақамҳои қаллобиро масдуд карданд
Ержан Саденов, вазири корҳои дохилии Қазоқистон ба Қосим-Жомарт Токаев дар хусуси вазъи ҷинояткорӣ дар ин кишвар ва татбиқи принсипи “Қонун ва тартибот” аз сӯйи ниҳодҳои интизомӣ гузориш дод. Дар ин хусус, хабаргузории “Казинформ” хабар додааст.
Вазири корҳои дохилии Қазоқистон таъкид кард, ки дар солҳои охир сатҳи ҷинояткорӣ, аз ҷумла ҷиноятҳои махсусан хавфнок, ба монанди куштор, ғоратгарӣ, роҳзанӣ, дуздӣ ба таври назаррас паст шудааст. Ҳамзамон, бо ҷорӣ намудани усулҳои муосири тафтишотӣ сатҳи ошкорсозии тамоми намуди ҳуқуқвайронкуниҳои ҷиноятӣ беҳтар гардидааст.
Ержан Саденов дар хусуси натиҷаҳои корҳои анҷомёфта оид ба ҷустуҷӯи ҷинояткорон хабар дод. Ӯ гуфт, ки дар соли 2024 мақомоти полис 1949 нафар ҷинояткори таҳти ҷустуҷӯ қарордоштаро боздошт кардааст.
Президенти Қазоқистон бо раванди иҷрои супоришҳои ӯ дар самти мубориза бо ҷинояткории муташаккил, киберҷиноятҳо ва ҷиноятҳои вобаста ба маводи мухаддир, ҳамчунин, пешгирии қонуншиканиҳо шинос шуд.
Гуфта шуд, тайи 12 моҳ тақрибан 7500 манбаи интернетӣ, ки дар хусуси паҳн кардани маводи мухаддир маълумот доштанд, ошкор карда шуд. Ҳамчунин, қариб 22 тонна маводи мухаддир пеш аз ворид шудан ба муомилот мусодира гардида, 64 озмоишгоҳи истеҳсоли маводи мухаддир дар ин кишвар нест карда шуд.
Таъкид гардид, ки 65 миллион рақамҳои қаллобони интернетӣ масдуд шуда, 48 дастгоҳи SIM-box, ки барои иваз намудани рақамҳо истифода мешуданд, ошкор гардид. Инчунин, аз интиқоли беш аз 2 миллиард тенге аз Қазоқистон ба воситаи қаллобон пешгирӣ карда шудааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Сарвазири Покистон кишварҳои узви СҲИ-ро ба ҳамкориҳои бузурги иқтисодӣ даъват кард
“Артиши Афғонистон об шуд”. Ҷо Байден пас аз 5 сол аз қарори хуруҷи неруҳои амрикоӣ аз Афғонистон дар китоби нави худ ҳимоят кард
Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо рушди роҳи Транскаспий ва ҳамкориҳои иқтисодиро баррасӣ намуданд
Занони Афғонистон дар зери сояи тарс аз Толибон “кошонаи ҳусн ва мактабҳои пинҳонӣ” мекушоянд