15 Ноябр 2026,
якшанбе, 18:25, Душанбе
31.01.2025 12:15

Дар Қирғизистон мехоҳанд маросими тӯю ҷанозаҳо танзим шавад

Дар Ҷумҳурии Қирғизистон як вакили парлумон лоиҳаи қонунеро пешниҳод кардааст, ки дар он масъалаи танзими гузаронидани тӯй ва ҷанозаҳо дар назар дошта шудааст.

Замирбек Мамасодиқов, вакили парлумони Қирғизистон бо пешниҳоди лоиҳаи қонун гуфтааст, ки ҳадифи он мубориза бо исрофкорӣ дар ҷаноза, тӯй ва дигар маросимҳои оилавӣ мебошад. Дар ин хусус хабаргузории “Kloop.kg” хабар дода, таъкид кардааст, ки лоиҳаи қонун рӯзи 27-уми январ ба муҳокимаи ҷамъиятӣ пешниҳод шудааст.

Дар лоиҳаи қонун муҳимтарин корҳое, ки боиси исрофкорӣ мешаванд, манъ карда шудаанд: аз ҷумла, дар ҷаноза манъ кардани забҳи чорвои хурд, асп, гов; баъди се рӯзи дафн маросими ёдбуд (қироати Қуръон) бо забҳи на бештар аз як асп ё чорвои калон баргузор гадад; маросими баргузории рӯзҳои 7-ум, 40-ум ва солгарди вафот манъ карда шавад, дар тӯйҳо иҷоза дода мешавад, ки на бештар аз 250 нафар даъват шуда, танҳо як чорвои калон ё як асп забҳ гардад. Ҳамчунин, дар лоиҳа гуфта мешавад, ки дар маросими гусели арӯс на бештар аз 100 нафар метавонанд ҳузур дошта бошанд: агар тӯй ва маросими “қиғ узату” дар як вақт баргузор гардад, шумораи меҳмонон аз 350 нафар зиёд набошад; дар вақти бурдани арӯс аз се мошин зиёд манъ карда мешавад; харҷҳои изофӣ, аз ҷумла анъанаҳои “кийит кийгизуу”, “себет беруу”, “конок беруу”, “тутентуу” ва дигар маросимҳои монанд манъ карда шавад.

Дар лоиҳаи қонун  барои пешгирӣ аз ин амалҳо ҷазои маъмурӣ,  300 ҳазор сом (пули қирғизӣ) ҷарима таъйин шудааст. Ҳамчунин, барои вайрон кардани меъёрҳо соҳиби толор ё ҷойи баргузории маърака 300 ҳазор сом ҷарима мешавад.

Ташаббускори лоиҳаи қонун мегӯяд, ки солҳои охир шаҳрвандони Қирғизистон маблағи зиёдеро барои гузаронидани тӯю маъракаҳо сарф мекунанд, ки ин ба иқтисодиёти оилаҳо зарари ҷиддӣ мерасонад.

“Агар дар гузашта чунин маъракаҳо барои гирифтани баракат (бата) аз мардум баргузор мешуданд, имрӯз диққати бештар ба паҳлӯи моддӣ равона шудааст. “Меҳмонон чӣ қадар пул меоранд?”, “ман ба тӯйи онҳо маблағ сарф кардам, онҳо ба ман ҳамин қадар медиҳанд ё не”, “оё маблағи ҷамъшуда барои пӯшонидани харҷҳо мерасад?”. Ҳамаи ин сабаби рақобати беҳуда мегардад. Бисёр вақт оилаҳо барои гузаронидани маъракаҳо қарз мегиранд, ки оқибатҳои харобиовар, аз ҷумла талоқро ба бор меоварад”- гуфтааст депутат.

Қабл аз ин, Садир Жапаров, президенти Қирғизистон низ зидди исрофкорӣ дар маъаркаҳо изҳори назар карда буд. Он замон, дар моҳи феврали соли 2022 президенти Қирғизистон фармонеро содир карда буд, ки ҳадафа “пешгирии исрофкорӣ ҳангоми баргузории маросимҳои динӣ, расму оинҳо ва дигар чорабиниҳое, ки ба муҳити маънавии ҷомеа таъсири манфӣ мерасонанд”-ро дошт. Дар соли 2024 бошад, президенти Қирғизистон оид ба гузоштани сангҳои мазор низ маҳдудиятҳое ҷорӣ кард.

Ёдовар мешавем, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанӯз дар соли 2007 қонун “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо” –ро баррасӣ ва қабул карда буд.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

14.11.2026 15:16

“Ирсоли силоҳу техникаи ҳарбӣ ва ҳимояти низомӣ”. Тоҷикистон бо “кулбори пур” ба барчидани таҳдидҳои фаромарзӣ меравад

Бархе ниҳодҳои ҷосусии кишварҳо ба ин натиҷа расидаанд, ки гурӯҳи террористии Толибон ҳанӯз як таҳдиди фаромарзӣ ва барои амнияту субот дар Осиёи Марказӣ метавонанд хатарофарин бошанд. Ин нигаронӣ аз он ҷо сарчашма мегирад, ки дар таркиби гурӯҳҳои террористии Толибон мухолифони деринаи ҳукуматҳои Осиёи Марказӣ, исломгароёни тундрав ва террористӣ ҳузур доранд.
14.11.2026 13:55

Тоҷикистон ва Малайзия ҳамкориҳоро дар соҳаи кишоварзӣ густариш медиҳанд

Душанбе ва Куала-Лумпур ният доранд ҳамкориҳоро дар бахшҳои обёрӣ, механикакунонии кишоварзӣ ва чорвопарварӣ густариш диҳанд. Ин масъала дар ҷараёни мулоқоти сафири Тоҷикистон дар Малайзия Ардашер Қодирӣ бо вазири кишоварзӣ ва амнияти озуқавории ин кишвар Муҳаммад Сабу баррасӣ шудааст.
14.11.2026 09:36

Мушкили техникӣ дар фурудгоҳҳои Амрико садҳо хатсайри ҳавоиро аз парвоз боз дошт

Мушкилоти техникӣ дар низоми иртиботии ҳаракати ҳавопаймоҳо дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар фаъолияти фурудгоҳҳо мушкилот ба вуҷуд оварда, боиси лағви парвозҳо шудааст. Ин мушкил парвозҳои ҳазорон хатсайри ҳавоиро ба таъхир гузоштааст.
14.11.2026 08:28

Роберто Кардарелли: “Тоҷикистон имрӯз ба қарзи Хазинаи байналмилалии асъор ниёз надорад”

Роберто Кардарелли, муовини директори Департаменти Ховари Миёна ва Осиёи Марказии Хазинаи байналмилалии асъор мегӯяд, ки вазъи қарзи давлатӣ ва муомилоти хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир устувор аст ва бо ин далел, ба гирифтани қарз аз Хазинаи байналмилалии асъор ниёз надорад.
13.11.2026 18:05

Тоҷикистон барои ҳамгироӣ ба низоми энергетикии Осиёи Марказӣ талош дорад

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳадаф дорад ҳамкориҳоро бо кишварҳои минтақа дар соҳаи энергетика густариш дода, низоми барқи худро ба шабакаи ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ пайваст намояд. Рушди хатҳои интиқоли неруи барқ ва таҷдиди инфрасохтори мавҷудуда аз вазифаҳои асосӣ дар ин самт мебошад.
13.11.2026 18:01

Як ширкати қазоқӣ дар Тоҷикистон аз қаъри замин кони металҳои рангаро ҷустуҷӯ мекунад

Ширкати қазоқистонии истихроҷи тилло «Solidcore Resources» тасмим гирифтааст, ки бо Сарраёсати геологияи Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои иктишофиро барои пайдо намудани конҳои металлҳои қимматбаҳо дар Тоҷикистон оғоз кунад. Ҷониби Тоҷикистон бо ин ширкати қазоқӣ шартномаи панҷсоларо ба имзо расонд.
13.11.2026 16:00

Shohin Airlines ба чор минтақаи кишвар парвозҳои мунтазамро ба роҳ мемонад

АМИТ «Ховар» бо такя ба маълумоти Ширкати ҳавопаймоии Shohin Airlines хабар дод, ки парвозҳои мунтазами дохили дар самти Душанбе – Хоруғ, Душанбе – Хуҷанд, Душанбе – Бохтар ва Душанбе – Кӯлоб ба роҳ монда мешавад.
13.11.2026 15:33

Вазири корҳои хориҷӣ нусхаи эътимодномаи сафири Ветнам дар Тоҷикистонро қабул кард

Имрӯз, 13-уми ноябр вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Нгуен Тхань Леро ба муносибати супоридани нусхаи эътимоднома қабул кард.