Созмони “Табибони бидуни марз”: Дар ҳамлаи ҳавоии Исроил ду корманди мо дар Ғазза кушта шуданд
Сенатори амрикоӣ хостори қатъи буҷаи ҷанг алайҳи Эрон шуд
Русия аз ҳамла ба зерсохторҳои логистикӣ ва низомии Украина хабар дод
Кореяи Шимолӣ тавлиди силоҳҳои ҳастаиро ба сатҳи бесобиқа расондааст
Дар Ӯзбекистон ҳукми зиндониёне, ки китоб мехонанд, кам мешавад
Баъзе аз аҳзоби сиёсӣ дар Ӯзбекистон лоиҳаи қонунеро таҳия мекунанд, ки бар асоси он ба зиндониёне, ки китоб мехонанд, дар муҳлати адои ҷазо сабукӣ дода мешавад.
Ҳизби “Миллий тикланиш”, ки бо пешниҳодҳояш дар парлумон маъруф аст, тарҳи қонунеро баррасӣ кард ва дар он меъёрҳо барои ташвиқи рафтори хуб дар байни зиндониён, аз ҷумла китобхонӣ пешбинӣ шудааст.
Дар тарҳи лоиҳаи қонуни зикршуда коҳиш додани муҳлати адои ҷазо дар зиндон барои маҳкумшудагоне, ки бар асоси рӯйхати тасдиқшуда китоб мехонанд, пешбинӣ шудааст.
Бар асоси ин пешниҳод, барои мутолиаи як китоб ва супоридани имтиҳон аз он муҳлати қисми адонашудаи ҷазо се рӯз кам карда шуда, маҳкумшудагон дар як сол на бештар аз 10 маротиба аз он истифода карда метавонанд.
“Дар муассисаҳои ислоҳӣ ҷалби зиндониён ба китобхонӣ пешбинӣ шудааст. Барои онҳое, ки барои мутолиаи як китоб аз рӯйи рӯйхати тасдиқшуда ва супоридани имтиҳони муқарраршуда маҳкум шудаанд, муҳлати қисми адонашудаи ҷазо се рӯз кам карда мешавад”- афзуд узви фраксияи ҳизб Баҳодир Маматхонов.
Қаблан, 23-уми октябри соли 2024 Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ хабар дода буд, ки сокинони калонсоли Ӯзбекистонро, ки ба ҳаракати квадробинг даст мезананд, метавонанд барои авбошии майда ба ҷавобгарӣ кашанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Раҳбари ҳизби чапгарои Фаронса: Эрон ҳаққи дифоъ аз худро дорад
Илон Маск дар бораи Толибон: “Вазъи занону духтарон дар Афғонистони таҳти ҳокимияти Толибон бисёр нигаронкунанда аст”
Баррасии дурнамои ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ дар Тошканд
Бабри барфӣ пас аз муоина ба макони бехавф баргардонида шуд