Арабистони Саудӣ дар 24 соат 94 бор ба Яман ҳамла кард
Вазорати мудофиа: "Нақшаи даъвати тирамоҳӣ 55 фоиз иҷро шуд"
Тоҷикистон ва Русия берун аз чорчӯби СААД машқҳои низомӣ доир карданд
Путин: “Ҷаҳон аз шуҷоат ва муқовимати мардуми Эрон дар ҳайрат аст”
Ба Ӯзбекистон аз хориҷа дар 10 моҳи охир 12,6 миллиард доллар ворид шудааст
Ба Ӯзбекистон аз моҳи январ то октябри соли ҷорӣ аз хориҷа 12,6 миллиард доллар ворид шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 35 фоиз зиёд мебошад.
Тибқи гузориши Бонки марказии Ӯзбекистон аз Русия 9,8 миллиард доллар ворид шудааст, ки 78 фоизи ҳаҷми умумии маблағи воридшударо ташкил медиҳад.
Таъкид мегардад, ки дар қатори Русия ба Ӯзбекистон аз Қазоқистон 699 миллион доллар, аз Кореяи Ҷанубӣ 458 миллион доллар, аз кишварҳои Иттиҳоди Аврупо 331 миллион доллар, аз Туркия 331 миллион доллар ва аз Британияи Кабир 109 миллион доллар ворид шудааст.
Тибқи маълумотҳо маоши миёнаи пешниҳодшуда дар самтҳои асосии фаъолияти муҳоҷирон дар Русия 38% афзоиш ёфтааст. Аз ҷумла, музди меҳнат дар соҳаи сохтмон 55 фоиз, хизматрасонии таксӣ ва тарабхона 46 фоиз ва дар соҳаи нақлиёт 14 фоиз афзудааст.
Агентии муҳоҷирати Ӯзбекистон хабар медиҳад, дар соли 2024 шумораи шаҳрвандоне, ки ба таври расмӣ барои кор ба хориҷи кишвар, асосан ба кишварҳои пешрафта бо риояи тартиб ва меъёрҳои муҳоҷирати меҳнатӣ рафтаанд, беш аз 113 ҳазор нафарро ташкил медиҳанд. Ин шумора назар ба соли гузашта 3,6 баробар зиёд аст.
Ҳамчунин, дар моҳҳои январ-октябри соли ҷорӣ ҳаҷми интиқоли пул аз ИМА 37 фоиз, Кореяи Ҷанубӣ 71 фоиз, Британияи Кабир 76 фоиз ва кишварҳои Иттиҳоди Аврупо 41 фоиз афзоиш ёфтааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Сарвазири Қатар: “Эрон ҳамсояи Қатар аст ва ҳамеша чунин боқӣ хоҳад монд”
Арабистони Саудӣ дар 24 соат 94 бор ба Яман ҳамла кард
Вохӯрии Ҳабибулло Воҳидзода бо Александр Баженов
Даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» ҷамъбаст гардид